Эмомалӣ Раҳмон: Нақзи Сарқонун нооромӣ меорад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши рӯзи 5-уми ноябр бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонун аз эҳтимоли нооромию ихтилофҳо дар кишвар ҳушдор дод.
Ӯ таъкид намуд, ки нооромию ихтилофҳо дар заминаи нақзи меъёрҳои Сарқонун ба вуҷуд меоянд: “Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки нооромиҳои солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон низ дар пайи поймол гардидани меъёрҳои конститутсионӣ ба вуҷуд омада, афзуд, ки халқи тоҷик оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид: “Мо бояд инро ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем. Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд.”
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри солҳои нооромӣ таъкид намуд, ки маҳз қудрати ваҳдатсози Сарқонун буд, ки дар асоси меъёрҳои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ - Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд: “Метавон гуфт, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад.”
Ӯ ин усули дастёбӣ ба оромиро дарси ибрат хонда, илова намуд, ки он метавонад ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамчун усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилӣ дастурамал шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова изҳори боварӣ намуд, ки мардуми кишвар дигар намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд: “Барои ин ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |