Шикояти ронанда аз таъхиркорӣ дар гирифтани “права” ва шарҳи масъули БДА
Ислом Ҳалимов, сокини ноҳияи Файзобод аз таъхиркории Бозрасии давлатии автомобилӣ барои бозпас гирифтани ҳуҷҷати ронандагияш шикоят мекунад.
Ӯ рӯзи 5 ноябр ба “Озодагон” гуфт, 23 сентябр нозири БДА бо иттиҳоми баланд будани суръати мошин дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифт, аммо то ҳол муваффақ нашудааст онро дубора дарёфт кунад. Ҷаноби Ҳалимов афзуд, тибқи муқаррарот мебоист ҳуҷҷати ронандагии ӯро ба ноҳияи Файзобод ирсол мекарданд, аммо ин иттифоқ наяфтод. Бар илова ҳар боре, ки ба Бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат мекунад, ба ӯ ҷавоби дурусте намедиҳанд: “Ба Душанбе меравам, мегӯянд, ҳуҷҷатҳоят бояд ба Файзобод расида бошад. Дар он ҷо мегӯянд, чизе наомадааст. Ҳамин чанд рӯз пеш рафта будам, Бойсариев Илҳомиддин, ки ҳуҷҷатҳои маро гирифт, мегӯяд, тавассути почта дер меравад. Ростӣ хеле саргардон шудем. Боз ин ҳама равуо ба вазъияти иқтисодии мо бетаъсир намемонад”.
Ислом Ҳалимов мегӯяд, чанд ронандаи дигар низ ба ҳамин мушкил мувоҷеҳанду бо гузашти беш аз як моҳ наметавонанд ҳуҷҷати ронандагии худро бозпас бигиранд: “Як ҳамсояи дигарамон аз ду моҳ зиёд шуд, ки ҳуҷҷатҳояшро пайдо карда наметавонад”.
Дар ҳамин ҳол, Илҳомиддин Бойсариев, як масъули БДА, ки ба қавли Ислом маҳз ӯ ҳуҷҷатҳояшро гирифтааст, дар суҳбат ба “Озодагон” таъхиркорӣ дар ирсоли санадҳои ронандаҳоро ба “почта” рабт дод: “Ин айби мо нест, ин ҷо мо менависем, пртокол мекунем ва тавассути почта мефиристем. Почта дигар дар ваколатҳои мо нест. Бо почта то як ду моҳ рафта мерасад”. Дар акс: Ислом Ҳалимов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |