Президент: Ҳукуматдоронро танку туп ҳимоят карда наметавонад

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон ҳукуматдоронро асосгузори аслии инқилобҳо донистааст. Ба иддаои ӯ, дар инқилобҳои Қирғизистон, Украина ва давлатҳои арабӣ ҳукуматдорони вақт гунаҳкоранд.
Раисҷумҳури Қирғизистон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “24.kz”-и кишвараш гуфтааст, “агар ҳукумат фикри мардумро намекунад ва танҳо дар фикри худу ҷайбаш ҳаст, пас инҷо заминаҳои инқилоб ҳатман поягузорӣ мешавад”.
Отамбоев дар идома сарчашма ва нерӯи ҳокимиятро мардум ва боварии сокинон хонда, қавл додааст, ҳукумати Қирғизистон хатои раҳбарони пешини ин кишварро такрор нахоҳад кард. “Мову шумо шоҳиди инқилобҳои зиёд ҳастем, аз ҷумла дар кишварҳои арабӣ, ки ҳукуматдорони вақтро ягон навъи силоҳ, на танку на туп ҳимоят карда натавонист, танҳо чизе метавонад дар ин вазъият кумак кунад, боварӣ ва эътимоди мардум аст. Худо аслан мардумеро бо инқилоб рӯбарӯ накунад, чун як инқилоб инқилоби дигареро дар пай дорад ва ё чи тавре ҳаводиси охири кишварҳои арабӣ нишон дод, бо тақсиму аз байн рафтани кишвар анҷом меёбад. Барои мисол ҳоло Либия ба ду қисмат ҷудо шуда истодааст ва вазъияти Украина ҳам ба ҳама маълум аст”.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |