Оғози ҷаласа бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”
Дар толори “Кохи Борбад”-и Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамоиши бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонун оғоз шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа аз аҳамияти таърихии Сарқонуни Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули пояҳои давлатдории муосири тоҷикон ва дигар паҳлуҳои ин санад суҳбат намояд.
Гуфта мешавад, ба ин ҷаласа аъзои ҳукумат, парлумон ва дигар роҳбарону намояндаҳои вазорату идораҳои кишвар даъват гардидаанд.
Конститутсияи Тоҷикистон 20 сол қабл - 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ду маротиба - солҳои 1999 ва 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |