Муҷозоти ду ҷавонзан барои фиреби ронандаҳои таксӣ дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду ҷавонзани тоҷикро, ки давоми тобистони соли равон аз хизматрасонии ронандаҳои таксӣ дар Душанбе истифода кардаанду ҳаққашонро надодаанд, ҷазо додааст.
Ба иттилои манбаъ Фарида Тошева ва Меҳрангез Хоҷаева ронандаҳоро киро карда, баъди анҷоми хизмат аз онҳо боз қарз гирифта, ваъда медодаанд, ки бармегардонанд ва бо ҳамин ғайб мезадаанд. Дар қатори ронандаҳое, ки ба “дом”-и ин ҷавонзанҳо ғалтидаанду ба мақомот муроҷиат кардаанд, аз ҷумла Фараҳнуши Мирзо, Ҳоҷиев Умед ва чанд ронандаи дигар ном бурда мешавад, ки аз дасти ин духтарҳо аз 120 то 300 сомонӣ зарар дидаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, Тошева қаблан низ барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудааст ва бо назардошти ҳамаи ҷанбаҳо дар ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ ва ҳамроҳаш, Меҳрангез Хоҷаева 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Додгоҳ ҳамчунин қарор намудааст, ки ин ду ҷавонзан тариқи маҷбурӣ ба табобат аз нашъамандӣ фаро гирифта шаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |