Бахшҳо

Ҷумҳурият Кабириро аз зумраи 10 сарватманди Тоҷикистон хонд

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри матлабе “ҳарос”-и мақомот аз овозаи митинг ва ҳодисаи 10 октябрро шарҳ дода, аз амалгаро набудани Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони кишвар “гила” кардааст.

Ин нашрия мегӯяд, пурзӯр шудани тадобири амниятӣ дар пайи овозаи митинг нишонаи омодагии вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон барои ҳифзи субот дар ин гуна ҳолатҳо буда, мақомоти давлатҳои абарқудрат низ дар ин вазъият аз шеваи мазкур кор мегирифтанд. “Бигузор он овозае буд ё кӯшиши воқеии чанд бадандешу бадкирдоре баҳри аз эътидол баровардани вазъият дар кишвар. Вале вазоратҳои масъул омодагии худро ҳамаҷониба дар самти пешгирии ҳодисаҳои ҳамсон, ҳимояи амнияту осоиштагии сокинони ҷумҳурӣ нишон доданд, ки қобили таҳсин аст. Онҳо коре карданд, ки тамоми давлатҳои қудратманд дар марҳалаи ҳозира анҷом медиҳанд. Баръакс, бетаваҷҷуҳӣ дар ин росто, оқибаташ вазъиятест, ки дар Сурияю Ироқ ва Украина фарогир аст”, навиштааст нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон.

Дар идома “Ҷумҳурият” Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумонро дар шиорпартоӣ ва беамалӣ муттаҳам кардааст. Муаллифи ин матлаб мегӯяд, Кабирӣ аз ҷасорати худ танҳо дар баробари ҳукумати кишвар дарак медиҳаду “ҳукуматро муттаҳам месозад, ки “имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин намекунад, иҷозати ба масҷид рафтанро намедиҳад, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат мекунад, раъяшро тақаллуб мекунанд, моликияташро аз дасташ мегиранд, барқ намедиҳанд ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дигарро болои мардум меоранд”.

Ба қавли муаллифи матлаб, раиси ҲНИТ дар ҳоле аз ин камбудҳо лаб боз мекунад, ки худ имконоти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро беҳтар аз ҳама медонад ва дар радифи даҳ сарватманди ҷумҳурӣ қарор дошта, фарзандонаш аз тамоми имтиёзот бархурдор ва муҳассилини донишгоҳҳои бонуфӯз ҳастанд: “Ҳамаи инро нафари огоҳе мегӯяд, ки медонад: масъалаҳои рӯймолу ришу ҷомаю ғайра танҳо дар мавриде бардошта мешаванд, ки ришҳои хашину ҷомаҳои чиркин, куртаву эзори бегона кӯчаю хиёбонҳои зебою озодаи моро шабеҳи кӯҳнабозори асримиёнагӣ мегардонанд”.

Дар охир аз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъват шудааст, ба ҷои шиорпартоӣ ба амалгароӣ рӯй биёраду баҳри беҳбуди вазъи сокинони кишвараш кореро анҷом диҳад: “Зиндагиро танҳо бо амал метавон ислоҳ кард. Бо сухани зебою шиорпартоӣ наметавон мардумро бо барқ таъмин намуд. Пас беҳтар нест, ки сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ гӯем?”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Хабари хуш, аз дах сарватманд дар Точикистон яктеаш Кабири, 9 нафари дигарашро мегуфтед, то ки аламои дило тоза мешуд. Локин пурзӯр кардани тадобири амнияти аз тарафи хукумат, барои суботи кишвар боиси дастгирист.

Мухочир
Хайрияте хамин Кабири хаст, ки чумхурият барои чоп кардан макола пайдо мекунад. Мухтарам дастанкорони чумхурият номи хафтаномаи худро аз чумхурият ба кабири иваз намоед шояд хафтаномаатон хонандае пайдо кунад !

Масалаи либоспушии якхел мардумда сад фоиз рост мегуянд охир наход ки аз хамон шабхобкунаки арабда ки дар кучахову маракахо мепушанд хамон токии милли хдмон бехтар набошад, наход ки мусулмонии мо дар худнамоиши бо рише, ки кудак дида метарсад охир моро бо зарби шамшеру табар мусулмон кардан либоспушиамонро не ку.Дигар давлатхои мусулмониро мебини аз онхо либоспуши ва ришу .....онхоро бовар кунед....ё масалан дар руссия тоторхо либосхояшону ришу.. андомашон диданибоб, алхамдилулох мо хам мусулмонем аммо эхтиромона хохиш менамоем аз хамон мулохову эшонхои Арра..... фахмонанд он муридону фанатхояшонро ки читавр либос пушид да риш монд, ва аз хама бехтараш гуянд ки ислом покиро талаб мекунад хар кучое, ки рост омад худнамоиши накарда дар чохои пок намоз хонанд.

Бисёр суханои Чолиб .

Боз хамун гапхои пучу бе асосу бе мантик ,Чумхурият шумо мардумро гов хёл мекнед ,мохам одамем хака аз ботилу ростро аз дуруг фрк карда метавонем бе гуфтахои Кабириву дигару дигар.

Чумхурият бояд рузномаи муттахидкунандаи миллат бошад.Хайр хамин Кабири хам точик ку дилаш ба ватанаш месухтагист чаро ки алакай чанд макола дар бораи у буд.Дигаро хам доранд ку боигари хайр чи пас?

МУХОЧИР
КАБИРИРО РУЗАШ ДИХЕД ТО КОРЕ КУНАД ХАМЧУНОНЕ КИ БО ДАСТУ ПОИ БАСТА БЕЧОРА ХЕЛО КОР КАРДА ИСТОДА АСТ .

Группа 55
"... руймолу,ришу,куртаву эзори бегона.."" мегуи. Нанг дори??? Бевичдон!!!!!!!!! Кучаю хиёбонхои "зебо"-и ту мегуфтаги пур аз юбкапушу майкапуш шудааст...

tadjik
Salom
Muvaffsqiyat va sarbalandii in dunyovu okhiratro khohonam M. Kabiri
In 10 nafar ki megued az kadom daraja ast injo tabaqahoi boyu boytar va hazory saf hazor millionu sad million milliardu ... Kadom darajaash hast Ammo az 10- yakeashro kofta hisob namuda barovarded pas digarhoyashro niz oshkor namoed azmilliardu million va ...az raisi jumhur shuru, karda to vaziru kasir...!!!

Bale
Inshoalloh ki az rohi halol ovardaast shumo 9 nafari digarro nagufted sababash chist charo onhoro tanqid namekuned baroi inki haqiqtro bayon namekunan ?!

Дурбинхо
Фаромуш насозед хох Кабири хох хукуматихо аз журналистон сар карда то макомоти давлати агар кору фаьолияти шумо накзи хукуки

Мардум бошад чавоб мегуед сарватмандон гурехта метавонанд аммо онхоро хам рузе конун ва азоби Худо дастгир мекунад.
Худатонро бо хар хизбу харакат лидер дар бало намонед.
Касамхурдахои бефаросат хам зиёданд.

ҒАРИБ
Дар аксарияти давлатҳои хориҷа ҳукуматдорон кушиш мекунанд, ки номи рақибонашонро нагиранд, то ба онҳо реклама нашавад ё мабодо қувваи онҳоро эътироф накунем ё мабодо ба фикри онҳо мардумро ҷалб накунем гуфта худдори мекунанд. Дар Тоҷикистони азиз мо бошад, дар маҷаллаҳои давлатӣ ҳамеша ном ба номи МУҲИДДИН КАБИРӢ, ҳалолат бод уcтод КАБИРӢ!!!

Дости бебурут
агар уро аз чумлаи 10 сарватманди Файзобод мегуфтед, хам сокинони ин нохия бовар намекарданд, игрок хадд дорад

мебахшед чумхурият танхо шумо бояд пулдор бошед дигархо не бигзор кабирихам хурда гардад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)