АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр зимни дидор аз ҷараёни корҳои сохтмонии яке аз бузургтарин маҷмааи тиббии пойтахт, барои сари вақт ва босифати баланд ба истифода додани он, ба шаҳрдории Душанбе ва масъулини соҳа дастурҳои мушаххас додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сохтмончиён ба меҳнати шабонарӯзии онҳо баҳои баланд дода, барояшон саломатӣ ва комёбиҳо таманно кардааст. Манбаъ мегӯяд, ин беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви маҳаллаи 46 воқеъ буда, барои 650 кат бо қабули 800 нафар дар як баст нигаронида шудааст. Барои бунёди он аз буҷаи шаҳри Душанбе беш аз 400 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2013 оғоз гардид. Масоҳати умумии ин маҷмааи тиббӣ 11 гектар буда, масоҳати умумии биноҳои он 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
“Бинои асосии беморхона аз 3 то 9 ошёна буда, дорои шӯъбаҳои гуногун - шӯъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида мешавад”,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ин маҷмааи тиббӣ дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз калонтаринҳо буда, дар бунёди он се ҳазор сохтмончӣ ва мутахассиси маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, ки дар сурати ба фаъолияти шурӯъ кардани он дар назар аст, беш аз 2000 мутахассиси соҳаи тиб ба ҷои кор таъмин гардад.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз рафти сохтмони чанд бинои баландошиёнаи пойтахт ва Комбинати шири шаҳри Душанбе низ дидан кардааст. Дафтари матбуотии президенти кишвар мегӯяд, навсозии комбинати шир аз 1 майи соли 2014 шуруъ гардида, дар ҷараёни он 3 коргоҳи нав бо 152 ҷойи кори иловагӣ муҳайё шудааст: “Инҳо коргоҳҳои маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, истеҳсоли панирҳои гуногун ва зарфҳои якбормасрафи пластикӣ мебошанд. Дар ин коргоҳҳо ҳоло 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафи барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, "дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, 32 намуди маҳсулот ба монанди йогуртҳои гуногун аз меваҳои ватанӣ, батончики творогии йоднокшуда бо шоколад, творожок, сирок, шир бо шоколад, бо асал ва бо мураббоҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Дар як басти корӣ дар ин коргоҳ 5 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад, ки тақрибан баробари талаботи якшабонарӯзии шаҳри Душанбе аст. Дар назди ин коргоҳ озмоишгоҳи ҳозиразамон фаъолият мекунад, ки бо дастгоҳи барои таъҷилан муайян намудани ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ба мисли бруселёз ва сил дар таркиби маҳсулоти ширӣ ҷиҳозонида шудааст". Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |