Отамбоев дар бораи “иштибоҳи бузург”-и президентҳои Осиёи Марказӣ
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дубора баҳси таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказиро зинда карда, ҳимоят наёфтани ин идея аз сӯи раҳбарони кишварҳои минтақаро иштибоҳи бузурги ҳамтоёнаш хонд.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “Иттиҳоди Осиёи Марказӣ метавонист, як нерӯи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа шавад, аммо бо сабабҳои номаълум раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷонибдорӣ накарданд ва албатта ин иштибоҳи бузурги онҳо буд”.
Ба гуфтаи Отамбоев, таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳамтои қазоқаш – Нурсултон Назарбоев қабл аз идеяи ташкили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод гардида буд: “Назарбоев бисёр нигоҳҳои роҳбурдӣ дорад ва ба ҳама чиз аз ин зовия назар мекунад, ки мисоли равшан метавонад, идеяи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад. Қазоқҳо андешаҳои Назарбоевро баъди даҳ солаҳо хубтар дарку қадр хоҳанд кард”.
Раисҷумҳури Қирғизистон дар идома аз сафари қарибулвуқӯи худ ба шаҳри Остона хабар дода, гуфтааст, рӯзҳои 6 ва 7 ноябр сафари расмиеро ба Қазоқистон анҷом хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |