550 маҳбуси зиндони Ёвон, "Кирпичний" ва "Якум Советский" ба озодӣ баромаданд

Беш аз 120 маҳбус имрӯз, 4 ноябр аз маҳбасхонаи мавсум ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат озод шудаанд. Дар ин бора аз Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд.
Аз ин пештар дар бораи раҳоии 325 нафар аз зиндони ноҳияи Ёвон хабар расида буд. Ба иттилои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз зиндони рақами 4-и “Якум Советский”-и пойтахт 105 маҳкумшуда ба озодӣ баромад.
Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дирӯз, 3 ноябр аз раҳоии беш аз 800 маҳсуб дар доираи афви эълоннамудани президент хабар дод. Ба иттилои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия 3 ноябр 175 зан аз маҳбаси шаҳри Норак, беш аз 50 ноболиғ аз маҳбасхонаи ноболиғон дар шаҳри Душанбе, 500 маҳбуси зиндони “Кирпичний” ва ҳудуди 100 нафар аз зиндони рақами яки пойтахт озод шуданд.
Раёсати корҳои ислоҳӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ бар асоси қонуни афв дар назар аст, ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо, 4500 нафар аз колонияҳои маскунӣ раҳо гарданд ва муҳлати ҷазои то 2 000 нафар кам карда шавад. Ин 16-умин афв дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст ва ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |