Худкушии зани амрикоӣ ва вокунишҳо ба он
Бриттни Мэйнард, як зани 29-солаи амрикоӣ баъди он ки табибон бемориашро табобатнашаванда ташхис доданд, дар ҳузури хонаводаи худ худкушӣ кардаааст.
Ин зани амрикоӣ дар муроҷиати видеоӣ ба хешовандонаш паём медиҳад, ки қабл аз хуруҷи бемориаш ва сахтиҳои таҳаммули дард, тасмим гирифт, худкушӣ кунад. Наворе, ки дар он ин зан аз худкушиаш мегӯяд, бо суръат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда ва баҳси тарафдорон ва мухолифони эвтоназияро дар ҷомеаи Амрико ва Аврупо доман задааст.
Зери усули эвтоназия худкушии одамон дар ҳоле роиҷ гардид, ки чанд соли пеш дар бархе кишварҳои аврупоӣ ва Амрико қонун дар бораи эвтоназия қабул гадид. Тибқи он ашхоси бемор ва табобатнашаванда бо розигии худ даст ба худкушӣ мезананд. Роҳ ёфтани навори худкушии зани амрикоӣ дар ҷомеаи шарқ низ баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст. Маслан, дар Афғонистон корбарони шабакаи иҷтимои Фейсбук ба шиддат аз ин амалкарди зани амрикоӣ интиқод кардаанд. Дар Тоҷикистон чанд сол қабл масъалаи эвтоназияро бархе нашрияҳои маҳаллӣ матараҳ карданд. Рӯҳониён бо шиддат аз ин амал интиқод намуда, онро ғайришаръӣ мехонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |