Даъват аз ҳаводорони "Ҷаҳони андеша"-и Комил Бекзода
Маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзода, файласуфи тоҷик, ки ба дунболи нашри як китобча дар бораи бехудоӣ муваққатан баста шуда буд, дубора ба кори худ идома медиҳад.
Аъзои ин маҳфил рӯзи 5 ноябри соли равон дубора гирди ҳам омада, мавзӯи “Нанотехнология ва ояндасозии Тоҷикистон”-ро баҳс хоҳанд кард. Баргузоркунандагон бо эълони соати оғози маҳфил ва ҷойи баргузории он (15:00, бинои Акадеияи улуми Тоҷикистон) аз ҳаводорони маҳфил даъват кардаанд, дар он иштирок намоянд.
Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти “Кайҳон” ба табъ расонданд, ки аз чиҳил саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзӯъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон ва Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошанд.
Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ҳадаф аз таълифи “Ҷаҳонбинии оянда”, ки бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуда, ҳатто худи ӯ мавриди танқид қарор гирифтааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, балки он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.
Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо афзуд, мақолаи “Ҷаҳонбинии оянда” маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |