Бахшҳо

Сардабири “Мусулманка”: Ҳеҷ гумон надоштам, ки Исломро мепазирам!

Суҳбати ихтисосии Атохон Ғаниев бо Насима Бокова, муовини сардабири маҷаллаи “Мусулманка” ва сардабири сомонаи www.musulmanka.ru.

Озодагон: Лутфан, чанд сухан дар бораи хеш ва низ маҷаллаи “Мусулманка” барои хонандагони тоҷик бигӯед.

Насима Бокова: “Дар 19 солагӣ Исломро пазируфтам. Баъди шавҳар кардан, таҳсил дар донишкадаи рӯзноманигориро тарк кардам ва машғули корҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон шудам. Пас аз се чаҳор сол хоҳише вуҷудамро фаро гирифт, ки ба ягон шуғли фоиданок даст занам. Ҳамин тавр бо лоиҳаи “Мусулманка” ҳамкориро оғоз намудам ва ба зудӣ ба ҳайати таҳририя ворид гаштам. Чанд шумораи маҷалларо низ ба сифати сармуҳаррир нашр сохтам. Бо тавлид шудани кӯдаки сеюм, танҳо масъулияти сомонаи musulmanka.ru-ро бар дӯш гирифтам. Маҷаллаи “Мусулманка” аввалин лоиҳа ба забони русист, ки ба масоили зан дар Ислом бахшида шудааст. Он маводеро, ки ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти занони мусалмон аз ҷиҳати маънавию иҷтимоӣ ва рӯҳӣ алоқаманданд, нашр мекунад”.

Озодагон: Феълан ҳаёти занони мусалмон дар Русия чӣ гуна аст?

Насима Бокова: “Тавре ки дар минтақаҳои дигар ҳаст, ҳама мушкилоту хурсандии худро дорад. Дар маҷмӯъ ҷомеа омода аст, занони мусалмонро пазирад, хоса дар шаҳрҳои бузург. Мушкил бештар бо сабаби ҳиҷобпӯшӣ дар муассисаҳои таълимӣ сар мезанад, вале бовар дорем, ин мушкил мусбӣ ҳал мешавад”.

Озодагон: Дар мавриди сару либоси занони мусалмони муосир чӣ назар доред?

Насима Бокова: “Зани мусалмон дар замони муосир бояд ҳангоми пӯшидани либос қонунҳои Исломро риоя намояд: пӯшидани тамоми бадани зан ба ғайр аз чеҳра ва банди даст. Лекин ин на ба он маъност, ки занони муосир чун занони араб либос пӯшанд ё ҷомаҳои музофотии халқӣ ба бар кунанд. Либосро бояд мувофиқи расму анъанаҳои ҷои зист интихоб намуд. Дар шаҳрҳои калон мағозаҳои зиёдест, ки аз он метавон либосҳои зебо ва муносибро дастрас кард".

АЗ КАЛИСО ТО ҚУРЪОН: РОҲИ НАСИМА БА ИСЛОМ

Насима Бокова дар мавриди чӣ гуна Исломро пазируфтан ва мусалмон шудани худ муфассалтар суҳбат кард, ки ҳоло пешниҳоди хонанда мешавад.

-Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки ҳаёти ман чунин сурат мегирад. Таърихи ба Ислом рӯй овардани ман он қадар хотирпазир нест, аммо чун ҳақиқат аст, онро бояд гуфт. Ман низ чун дигар ҳамсолонам, дар солҳои бесарусомониҳои давраи бозсозӣ ба воя расидам. Падару модарам ба кори худ машғул ва ин ба мо бачаҳо писанд буд. Якдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил аз тарафи калонсолон барои ташаккули ҳамаҷониба ва хеле хуб инкишоф ёфтани ман мусоидат кард. Ин замоне буд, ки аксари падару модарони пешқадам ба рӯзномаи “Оракул” обуна мешуданд, Эрик Бернро мутолиа мекарданд ва фарзандони худро дар рӯҳия ва тарзи зиндагии ғарбиён ва ғояҳои рӯҳияи озод тарбия менамуданд. Ҳамчунин зеҳни ман низ мувофиқ ба озодии комил дар интихоб нашъунамо мекард.

Зимни “парвоз”-и озоди худ ҳар чизеро, ки ба дастам меафтод, мутолиа мекардам. Аз миёни онҳо, он чӣ бароям муҳим ва мароқовар буд, ҷудо кардам. Дар пайи пайдо кардани ғизои маънавӣ хеле зиёд китоб мехондам. Вале дар баробари ин хеле бароям писанд буд, ки худро дохили муҳити дигаре тасаввур созам, худро қурбонии замони муосир эҳсос менамудам. Гоҳ гоҳ дар ҷустуҷӯи чизҳои ғайриоддию ғайритабиӣ будам ва он маро ба чизе водор мекард, ки шояд дигарон аз он мутаҳаййир мешуданд.

Дар арафаи балоғат ба хотири он ки майлу рағбати хешро барои дарки асрори ғайб ва пайдо кардани маърифати динӣ қонеъ созам, асарҳои бисёре мутолиа намудам. Дар баробари асарҳои зиёд ба омӯзиши Инҷил машғул шудам. Дар пайи ба даст овардани оромии рӯҳ, билохира расидам, то дини насронӣ. Аммо масъалаи Троитса (воҳиди салоса - таҷассуми писари Худо, худи Худо ва рӯҳи муқаддас дар сурати як Худо дар дини насронӣ) ва меъроҷ дар насроният чун як қирраи тезе бароям менамуд ва ҳамчунин чизҳои зиёди норавшан ҷаҳду талоши маро дар нимароҳ гузошт.

Ман мушаххасан наметавонам бигӯям, чӣ чизе вақти омадан ба ибодатгоҳи насронӣ бароям хушоянд набуд, шояд дар маҷмӯъ ҳамаи маросими калисо маро нороҳат мекард. Дар ибодатгоҳ ҳамеша нафасам танг мешуд, ким-чӣ хел изтироб ҳис мекардам ва мехостам ба зудӣ аз он берун шавам.

... Тобистони охирини қабл аз пазируфтани Ислом ба калисо рафтам. Чун инсони мӯътақид либос ба бар кардам, яъне рӯймол, пешдоман то замин. Ба худам монанд не, аммо ором. Акнун дарк мекунам, ки ман он рӯз барои он рафта будам, то дари маърифати хешро ёбам. Суолҳо хеле зиёд буданд, аммо ҷавобҳои гирифтаам бароям мантиқӣ набуд.

Расули Худо (с) гуфтааст: “Ҳар кас он кореро мекунад, ки барои он офарида шудааст.” (Бухорӣ, Муслим). Чунин шуд, ки дар як маврид беихтиёр ба дастам Қуръонро гирифтам. Ман худамро қаблан ба ин омода накарда будам. Дарунам баҳс ҷӯш мезад ва ногоҳ сустӣ маро фаро гирифт: “Ту дар бораи Ислом чӣ медонӣ!”

“Мо ӯро роҳе намудем, то интихоб кунад: Имон оварад ё куфр варзад” (76/3)
...Ва ман шитофтам ба сӯи он чӣ ки меҷустам ва онро дарёфтам!

Субҳи барвақт ғусл кардам, нохунҳоямро гирифтам, рӯймоли калон ба сар кардам. Модарам ҳайратзада шуд. Ҳамаи гумону шубҳа дар мавриди оянда гузашт. Тавозун ва эътимоди ботинӣ! Акнун ман дигар дудила набудам.

Ҳар чӣ буд, он рӯз ба мағозаи китоб раҳсипор шудам, то дониши худро дар бораи Ислом мукаммал созам. Нахустин китоби мутолиакардаи ман оид ба Ислом хеле содда буд ва як сайрномаи кӯтоҳе дар бораи Паёмбар (с), эътиқод ва муносибат байни Худову инсон.

Боби аввали китоб бо чунин суханон оғоз меёфт: “Калимаи шаҳодатро бояд аз сидқи дил бигӯӣ”. Аз сидқи дил бигуфтам! Билохира, ман мусалмонам! Шукри Аллоҳ! Хулоса, ҳаёти наве барои ман оғоз шуд, дар дилам нуре равшан шуд!

Чизе ки маро ба худ ҷалб кард, он буд, ки баъди иқрори калимаи шаҳодат аз сидқи дил, зан бояд аврати хешро ҳифз кунад ва мард барои ин ӯро иззату эҳтиром хоҳад намуд.
Қуръон низ дастрас кардам, хостам бо тамоми вуҷудам Исломро биёмӯзам. Ҳар қадар дониши ман меафзӯд, имонам низ дараҷа ба дараҷа қавӣ мешуд.

Пайваста дар машғулиятҳои марказҳои исломӣ ширкат мекардам, маҷмӯи ҳадисҳо, тафсирҳои гуногуни Қуръонро мутолиа мекардам. Дар донишгоҳ овоза паҳн шуд, ки як духтари рус Исломро пазируфтааст. То ҳадде, ки ҳатто вақти дарс маро ором намегузоштанд.

Бозори ғайбат дар авҷ буд. Ҳар кас фикре дошт, яке тарафдорӣ мекард, дигаре дифоъ, сеюмӣ бошад фикрҳои бофтаи худашро дошт. Вале ин дигар бароям муҳим набуд. Муҳим он буд, ки дарёфтам, ки Ислом боиси оромии қалби ман аст ва эътиқодам саҳеҳ ва ман дар роҳи дурустам. Ислом дигар барои ман фарҳанги шарқ, манзараҳо аз “Ҳазору як шаб” набуд.

... Тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна ба ихтилофи шадиди модарам дучор омадам, ки танҳо дирӯз аз рӯзномаи “Комсомолка” маводеро дар бораи алоқаи каллабурҳои чечен бо гурӯҳҳои Ал-Қоида ва таркишҳои ёздаҳуми сентябр хондааст! Ман низ барои ҳаққи зистан, ончунон, ки мехоҳам, ҳаққи пӯшидани либос мувофиқи талаботи шариат ва эътиқод ба оне ки писандам аст, мубориза мебурдам.

Баҳсҳои беохир бо аҳли хонаводаву пайвандон. Мекӯшидам бо тафсил фаҳмонам, ки Ислом чаро ин роҳи дуруст аст, беҳтар ва абадист.

...Бо шавҳарам дар ҷои кор шинос шудем ва пас аз ду ҳафтаи шиносоӣ ақди никоҳ бастем. Ин воқеан дар тақдири мо буд, зеро мо ҳар ду саъю кӯшиш барои барпо кардани оила накарда будем, балки худ аз худ воқеъ гашт. Падару модарам чун диданд,ки нияти мо ҷиддист, садди роҳ нашуданд ва имрӯз бо ману оилаи шавҳарам ва хешу таборони ӯ муносибати хуб доранд. Аз Худо умед дорам, шояд онҳо низ Исломро пазиранд!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шукргузор
Ин аст ҳақиқати Оллоҳ!

Мехр
Хама орзухо бо розигии Хазрати Хак, амали мегардад. Агар бандаи у тасмими чидди гирад - рох суи У хамеша боз аст.

Бале, ин рохи хак аст, ахсан.

Абдулло
Субхоналлох. Хдованд дигаронро хам ба исломи хакики мушараф гардонад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)