Боздошти “Майор” ва шариконаш барои ғорати Марворид Деҳқонова
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як гуруҳи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва Душанберо боздошт намудааст, ки дар ғорати як ҷавонзан муттаҳам мешаванд.
Тавре аз мақомоти пулиси Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тибқи иттилои тафтишот ин гуруҳ, ки бархеяшон қаблан барои дуздию бандитизм маҳкум шудаанд, шаби 5-уми июли соли равон як ҷавонзанро дар хонааш ғорат кардаанд: “Бо маслиҳати пешакӣ дар дастонашон дастпӯшак кашида, бо корд мусаллаҳ гашта, ошкоро вориди хонаи истиқоматии Деҳқонова Марворид, сокини 33-солаи Душанбе шуда, дасту пойашро бо скотч баста, аз хонааш 5300 доллар, 1000 Евро ва 200 сомонӣ пули нақд, 1-адад гӯшвор, 3-адад ангуштарин ва 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Самсунг», ки арзиши умумиашон 3300 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.”
Манбаъ дар қатори муттаҳамон, аз ҷумла Камолов Маҳмадёр Давлатович, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо лақаби «Майор» ва ҳамроҳонаш Афғонов Баҳодур, сокини 33-солаи Душанбе, Қурбонов Муъмин, истиқоматкунандаи 30-солаи Рӯдакӣ, Сӯфиев Фарҳод ва Назаров Назарро ном бурд, ки феълан тафтишоти парванда алайҳи онҳо ба иттиҳоми роҳзанӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |