Ҳамлаи “ниқобпӯшон”-и мусаллаҳ ба соҳибкорони чинӣ дар Душанбе
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, шоми якшанбеи 2-юми ноябр соҳибкорони чинӣ Юу Сзенг ва ҳамсараш, ки дар “Хитойбозор” ё худ бозори “Шанхай”-и Душанбе фаъолият мекунанд, ҳадафи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилои манбаъ Юу Сзенги 28-сола ба пулис муроҷиат карда, арз доштааст, ки 2-юми ноябр тахминан соати 18:20 дақиқа 3 нафар шахси ниқобпӯши бо корд ва тапонча мусаллаҳ ба анборхонаи онҳо, ки дар бозори «Шанхай», воқеъ дар кӯчаи Матросоваи пойтахт ҷойгир мебошад, ба тариқи зӯроварӣ ва таҳдид ворид шуда, аз ӯ ва завҷааш Чин Хуй маблағ талаб кардаанд: “Аммо ҳангоми доду фиғони ҷабрдидагон ҳамлаварон аз тарси дастгиршавӣ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-5» ва 70 сомонӣ пули нақдро, ки ба ҷабрдида тааллуқ доштааст, тасарруф намуда, фавран аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд.”
Манбаъ мегӯяд, дар пайи муроҷиати соҳибкори чинӣ кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандон Одилов Тоҳир Рауфович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Хайриддинов Солеҳ Мирҳомидович, соли таваллудаш 1995, зодаи ноҳи Восеъ, Салимов Сӯҳроб Ҷаҳоншоевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи Душанбе, донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Қудратов Акбар Давлатович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи Душанбе, донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |