Кумаки ройгон ба маҳбусони раҳошуда
Ду ташкилоти ҷамъиятии Тоҷикистон мегӯянд ба ашхосе, ки аз муассисаҳои ислоҳии кишвар озод шудаанд, кумаки ройгони ҳуқуқӣ хоҳанд расонд.
Ташкилотҳои “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва “Ҷаҳон” дар доираи лоиҳаи “SECRET: Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудаҳо ва собиқ маҳкумшудаҳо дар Тоҷикистон”, ки аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод гардиданд, кӯмаки ройгон пешкаш менамоянд.
Тавре аз “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ба “Озодагон” гуфтанд, ин кумакҳои ройгон ба марду занҳое, ки баъд аз адои ҷазо озод гардидаанд, инчунин, ноболиғоне, ки аз колонияҳои тарбиявӣ баъд адои ҷазо озод гардидаанд, расонида мешавад.
“Машварати ҳуқуқӣ (масъалаҳои таъмини ҷои кор, манзил, ҳуқуқҳои оилавии онҳо ва дигар муаммоҳои ҳуқуқӣ), ёрии ҳуқуқӣ дар тартиб додани ҳама намуди ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, машварати психологӣ (аз тарафи равоншиносони касбӣ) аз намудҳои хизматрасониҳо гуфта мешавад.
Эълони кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба афроде, ки аз маҳбас раҳо шудаанд, дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури кишвар бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи кишвар зери қонуни афв имзо гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |