Бахшҳо

Қарори Шарипов барои қатъи гуфтушунид бо “ҳоҷиёни миёнарав” ва муроҷиат ба Путин (ВИДЕО)

Раҳбарияти ҷунбиши умумуирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” қарор кардааст, бо ҳоҷиёни миёнарав дар бозори Садовод ва маркази савдои “Москва” дар Люблино гуфтушунидро дар мавриди риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қатъ кунад.

Каромат Шарипов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, талошҳо барои гуфтушунид бо миёнаравҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон натиҷа надоданд ва бо оғози парвандаи ҷиноӣ анҷомиданд, ки дар доираи он хонаю бустонсарои раҳбари ҷунбиш мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.

Шарипов дар мавриди шахсияти миёнаравҳо афзуд, ки нисбатан фаъолашон-Ҳоҷӣ Самад дар маркази савдои “Москва” ва Ҳоҷӣ Давлат дар бозори “Садовод” мебошанд, ки вақтҳои охир аз мулоқотҳои рӯбарӯ дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон бо ҳар баҳона худдорӣ мекарданд: “Ин ду нафар аз Николай ё худ Қаландар аз Иркутск, ки миёни зодагони Тоҷикистон эътибори калон дораду беш аз 20 сол дар Русия иқомат дорад, ҳимоят ҷустаанд. Бо миёнаравии Қаландар бояд мулоқот бо масъулини Садовод баргузор мешуд, ки сурат нагирифт ва худи Қаландар низ дастнорас шудааст.”

Раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” бо зикри ҳодисаи 6-уми сентябр аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки парвандаи ҷиноӣ на аз рӯи истифодаи силоҳи оташфишон, ки боиси ҷароҳати тоҷикон шуд, балки барои зарар дидани чанд мошини ширкати «Сити сервис» ифтитоҳ шудааст, қароргоҳи таксиҳои "Садовод"-ро ба иҷора гирифтааст. Ӯ бозҷӯии хонаи худ ва масъули дигари ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”- Мулло Хайриддин бо иттиҳоми экстремизмро низ баҳсбарангез арзёбӣ кард.

Дар ҳоле, ки ба иттилои ҷунбиши "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" далелҳое ҳастанд, ки аз ҷалби муҳоҷирон дар фурушгоҳи “Москва”-ю бозори “Садовод” ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла ба иттилои ҷунбиши "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" миёни ҷангиён дар Сурия муҳоҷирони тоҷик, аз қабили Қараев Ҷавоҳир Тағоймуродович ва Баротов Абдуқодир Қурбонович пайдо шуданд, ки қаблан дар маркази савдои “Москва” кор мекарданд.

Дар ниҳоят Шарипов кушодани парвандаи ҷиноӣ ва бозҷӯию бозпурсияҳояшро аз сӯи пулиси Маскав фармошӣ хонда таъкид намуд, ки қазия дар заминаи садо баланд намудани ӯ ва аъзои ҷунбишаш барои озодии муҳоҷирони тоҷик аз ғуломӣ сурат гирифта истодааст. Ӯ аз он шикоят дорад, ки бо вуҷуди муроҷитаҳояш сафорати Тоҷикистон дар Маскав кори онҳоро нодида мегирад. Ӯ ният дорад, бо зам намудани як навори видеоӣ ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия муроҷиат кунад, то ба қазия расидагӣ намояд:




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Э мардаки каромат мемони мо мигранто як нола нонмона биёбем ту душмани милати точик хасти медони ки хамин бозорро банданд боз чикадар мардуми точик бекор мемонанд дар ин 2 бозор кариб 10.000 точикон кор мекунанд ки хар кадоми инхо 2 ё 3 оилахоро мехуронанд мепушонанд медони ки кариб 100 000 нафар бе нон мемонад да ватан ту сар хури беватани'
Озодагон чоп кунед илтимос чаро бо сафорат омада муйро аз хамир чудо намекунанду аз дур Ч, ор мезанад ин Кромат шарипов

Ман сад дар сад бовари дорам ки хамин хочихо доля надодан ин беватани Шариповро барои офисашу газет чоп куниаш ин 360 градус тоб хурда тарики ночавонмарди рафтор карда истодааст, ту номард натонисти дил ёфта начёрт тарики тв ва интернетхо баромад карда обруи точиконро мерезони да руссия.....

Цитата: Мухочир
sonitor@yandex.ru

бозорора ку макам намекнан, неки точикора ср мекнан) и каромат ай кучо мефахма чи кор кардестай, фикри шиками янгара серкнира дора, фикри точик давно аз едуш бромаагияй)

Мехр
Дар ин наври видеои Дар баробари Каромат чанд чизро дидан мумкин аз кабили сурати Ленин, баридевории чакан, парчаму харитаи Точикистон, Путин, Хочиён ва худаш. Нафахмидам ин ки хаст . Ба фикрм Яхудаи ва дар гами чонихудушаи.

Dev
Мухочир,
Durust, in Karomat namemonad,ki shumo tojikoni aziz yak burida nonatonro tariki toza kardani pasi(kuni) rusho darjobed !Ba hotiri yak burida non ba pesh , ba sui gulomi, ba sui arobakashivu musorgundori, ba sui pojmolkunii nomi millatu davlat !!!Shumo metavoned, hama shohid !Gulomoni tojik ba pesh ,ba su kullahoi fathnoshuda !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)