Фотима ва Зуҳро, духтарони узбак дар саффи артиши Исроил
Ду донишомӯзи мадрасаи исломии Узбакистон тарки Ватан карда, ҳоло дар саффи артиши Исроил адои хидмати ҳарбӣ мекунанд.
Ин донишомӯзон Фотима ва Зуҳро ном дошта, баъди рафтан аз Узбакистон дини худро ба яҳудият ва номҳои хешро ба Ёэйл ва Навқо тағйир додаанд. Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, духтарони узбак замоне ин тасмимро гирифтаанд, ки аз яҳудинажод будани падарашон огаҳ шудаанд.
Модари Фотима ва Зуҳрои 19-сола як зани узбаки мусулмон буда, ҳафт соли пеш духтарони худро барои гирифтани таълимоти динӣ ба яке аз мадориси исломии Узбакистон гузоштааст. Аммо баъд аз огаҳӣ ёфтани ин духтарон аз ҳувияти падари худ бо кумаки ниҳодҳои исроилӣ ба Тел-Авив кӯч бастаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |