Бахшҳо
01 ноя 2014 11:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раҳмон ва Оқохони IV дар арафаи Ваҳдати Миллӣ ба Бадахшон мераванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафарашро ба Бадахшон моҳи июни соли 2015 дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати Миллӣ таъин кардааст.

Дар ин бора манбаи “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки ин нуқтаро раисиҷумҳур ҳафтаи равон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон таъкид намудааст. Ба иттилои манбаъ эҳтимол сафари Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон низ ба Бадахшон ҳамон рӯзҳо сурат бигирад чун Эмомалӣ Раҳмон ба Оқохони IV паём фиростодааст, ки баъди моҳи майи соли оянда дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.

Интизор мерафт, ки ин сафар моҳи ноябри соли равон сурат бигирад, вале ба далели анҷом наёфтани баъзе корҳои бунёдкорию тарҳрезиҳо ба таъхир андохта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи бархе иншооти ҷашнӣ дар моҳи ноябри соли равон ба ҷои раисиҷумҳур дар Бадахшон Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла дар назар аст, ки зимни сафари сарвазиру вазирон хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои 362 донишҷӯ, Маркази планитарӣ барои 50 кати беморӣ, бинои истиқоматии 32- ҳуҷрадор барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, бинои махсуси Раёсати корҳои дохилии вилоят мавриди истифода қарор гиранд.

Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иттилои манбаи “Озодагон” зимни сафараш моҳи июни соли 2015 дар сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” ва бинои театри вилоятӣ санги аввал мегузорад. Инчунин бо иштироки президент дар Хоруғ кохи варзишии пӯшида барои 1700 ҷойи нишаст, бинои хонаи истиқоматии 9-ошёна, корхонаи истеҳсоли ғалла бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз дар ноҳияи Шуғнон, сехи дӯзандагӣ барои 150 ҷойи корӣ, хатти обгузари Боғев - Хоруғ, пули мошингузари Сурхсангов ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқи вилоят мавриди истифода қарор мегиранд.
Мӯҳр
Ей муминон дар накшаи хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи нохияи рушон ва масалаи дархости мардуми он хусусан водии Бартанг ягон пешбини чора андешида шудааст ё на

АЛОХУМА САЛИ ЪАЛО МУХАММАДИН ВА ОЛИ МУХАММАД

Усмон
Президенти мо вокеъан марди коргар ва ободкор аст.Худовандо дар панохаш нигахбон бошад.Аз хазрати Огохон бояд талабу дархост кунанд,ки сохтмони рохи байналмилалии васеъбари Бадахшон-Душанберо сохтмонашро сар кунанд ва барои сохтани корхонахои саноъати мусоидат намоянд.Алалхусус сохтмони корхонахои обхои нарзан ва курорртхоро.

Нурбуц
Бартанги ман бартанги ман
бартанги бе свету связи ман
боз монди дар рузи шоми торики
эй механи бе такдири ман...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)