Нигаронии президент аз саркашию силоҳи бархе сокинони Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз гурези сокинони Хоруғ аз хидмати ҳарбӣ нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки дар дасти бархе аз афроди ин шаҳр ҳанӯз ҳам силоҳи оташфишон вуҷуд дорад.
Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки кор дар самти халъи силоҳи оташфишон, ки ҳоло ҳам ғайриқонунӣ дар дасти афроди алоҳидаи вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ қарор дорад, беҳтар ба роҳ монда шаваду корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои муташаккил дар қаламрави Бадахшон бештар гарданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кашол ёфтани иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят, махсусан дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намудааст.
Нигаронии раисиҷумҳур дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон то 31-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 83,28% иҷро гардидааст. Аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи марказ 74,1% Суғд- 82,1 %, дар ВМКБ 94,7% ва вилояти Хатлон 98,1 % ва дар комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 75% -и нақша иҷро гардидааст. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, то 31-уми октябри соли равон якчанд ноҳияи кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони вилояти ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ҳамадониву Ҷиликӯли вилояти Хатлон, ҳамчунин шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳиро 100% иҷро намуданд. Ноҳияҳои Истиқлолу Шаҳристони вилояти Суғд ва ноҳияҳои Балҷувон, Хуросон, Темурмалик ва шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон нақшаи мазкурро барзиёд иҷро карданд.
Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |