Бахшҳо

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

Муҳаммад Муҳиддинзода, варзишгари 17-солаи тоҷики муқими Русия ва қаҳрамони сабқати Аврупо оид ба гуштии тарзи озод миёни наврасон дар мусобиқоти 10-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод дар шаҳри Красноярск дар вазни 46 кило барандаи медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқа, ки 335 варзишгар аз 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Эрон, Белгия, Фаронсаву Ҷопон дар вазнҳои гуногун иштирок доштанд, варзишгари тоҷик ҷумҳурии Доғистони Русияро намояндагӣ мекард. Нахустин саволи “Озодагон” аз Муҳиддинзода ин буд, ки чаро аз номи Тоҷикистон нею аз ҷониби кишвари дигар дар ин мусобиқа иштирок кардааст?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Сабаб дар ин аст, ки ман ҳоло дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Хасавюрти Доғистон таҳсил мекунам ва дигар мусаллам аст, ки аз номи ин ҷумҳурӣ бояд дар мусобиқаҳо иштирок кунам.

Озодагон: Бори чандум аст, дар мусобиқаҳо мақомеро ба даст меоред?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Дар 98 мусобиқа тавонистаам соҳиби медал шавам, ки беш аз 50 тои он медали тилло аст.

Озодагон: Дар ин мусобиқаҳо ҳам аз номи дигар кишварҳо баромад кардаед ё ...

Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале мутаассифона, дар авал дар ҳайати варзишгарони шаҳри Қазон будам ва 5 бор ҳам миёни ҳамсолони худ дар куштии озод қаҳрамони Тотористон эълон шудам. Баъдан 4 бор қаҳрамони Приволжский федералний округ ва боз 3 бори дигар қаҳрамони Русия миёни наврасон шудаам.

Озодагон: Боре аз номи кишвари худ дар ягон мусобиқа иштирок кардаед?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Ростӣ, як бор дар мусобиқае, ки он дар худи Тоҷикистон соли 2011 ё 2012 баргузор шуд, хостам аз номи Тоҷикистон иштирок кунам. Ба хотири иштирок дар ин мусобиқа аз шаҳри Қазон ба ватан омада будам, аммо ба далели надоштани як санади тасдиқкунандаи ҷои истиқомат, ки зодгоҳам ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст, роҳ надоданд. Дар ҳоле ки бо худ шиносномаи тоҷикӣ ҳам доштам, гуфтанд, наметавонӣ иштирок кунӣ, баъд боз дубора ба Қазон баргаштам. Ҳатто тағоям, ки мураббии нахустинам мебошаду хароҷоти ин сафар аз ҳисоби ӯ буд ба мураббиён занг зада, хоҳиш кард, маро роҳ диҳанд, аммо не гуфтанд.

Озодагон: Ҳолате шудааст, ки Шумо аз номи дигар кишвар дар мусобиқае соҳиби медал шуда бошеду варзишгарони тоҷик аз онҷо ба ватан бидуни медал баргаштаанд?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале, ин гуна ҳолатҳо буданд...

Озодагон: Дар ҳамин мусобиқае, ки дар шаҳри Красноярск баргузор шуд, варзишгарон аз Тоҷикистон буданд?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 нафар буд ва якеашон ҷои сеюмро дар вазни 69 кило соҳиб шуд.

Озодагон: Вақте дар мусобиқа Шумо - варзишгари тоҷик пирӯз мешаведу парчами дигар кишвар ва суруди миллии бегона садо медиҳад, аз ин чиз нороҳат намешавед?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Ростӣ зиқ мешавам ва дар ин ҳолатҳо бисёр дар фикр мемонам, ки чаро парчами давлати ман нею як кишвари дигар бардошта мешавад.

Озодагон: Ҳоло мегӯед, дар ҳайати варзишгарони доғистонӣ тамрин мекунам, пайвастан ба ин тим дархости Шумо буд ё пешниҳоди ҷонибе?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Вақте дар як чанд мусобиқа хуб баромад кардам, мураббии калони мактаби олии захираҳои олимпии шаҳри Хасавюрт – Ҳусенов маро ба ин таълимгоҳ даъват кард ва мо ҳам ин даъватро қабул кардем. Ҳоло хурдухӯрок ҷои хоб аз ин мактаб мебошаду боз ҳар моҳ 20 ҳазор рубли русӣ стипендия медиҳанд.

Озодагон: Ҳоло Шумо дар ин таълимгоҳ ягона варзишгари тоҷикед ё ҳастанд нафарони дигар ҳам аз Тоҷикистон?

Муҳаммад Муҳиддинзода: Бале, ҳастанд бачаҳо, бисёранд, аз даҳ нафар зиёдтар ҳам гӯем хато намекунем.

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)

90 медали варзишгари тоҷик: Вақти пирӯзиям парчами бегона баланд мешавад (АКС+ВИДЕО)


Мӯҳр
Darvesh
Инчо Точикистон аст магар намедонед аз ин норохат нашав додари азиз бурдборихо хохонам

Чи фарк дорад
Чи фарк дорад мухимаш он ки Точик аст Афсус ки точик дар Ватанаш кадр надорад

Мухаммадчон икбол шуморо бод Точик дар ватанаш кадр надорад

ОФАРИН,МУХ,АММАД! ДОИМ ГАЛАБА КУНЕД!

Нае братчон ки бо макулшон намеши яке е салафит меброран е чосус умри чавонта барбот метан

Точикак
Офарин, хатто дар Догистон, ки ватани гуштии Русия аст, номбардори точик аст. Касам ба зот пок точикон аслан як халки хунарманд хастанду дар ватан кадр надоранд...Агар адолат руи кор шавад як дах сол баъд точикистон ба чои торикистон гулистон мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)