Хутба: “Дуоҳо барои афзоиши ҳаромкориҳо мустаҷоб намешаванд”
Беҳруз Сатторов, имомхатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз сокинони кишвар даъват кард, аз мавқею мансабҳои худ сӯистифода накунанду фарзандони худро бо моли ҳалол тарбия кунанд.
Ӯ рӯзи 30 октябр дар хутбаи намози ҷумъа гуфт, “мову Шуморо зарур аст, ки тақвою худотарсиро пеша кунем ва аз мақому мансаб ва кори худ сӯистифода накунем.”
Имом-хатиби тоҷик ҳушдор дод, ки луқмаи ҳаром бисёр таъсири манфӣ дорад: “Вақте инсон онро фурӯ мебарад, он ба хун мубаддал шуда, хун ба гушт ва гушт узви инсон мешавад. Вақте узви инсон ҳаром, ки шуд, ҳамеша ба атрофиёнаш таъсири манфӣ мерасонад.”
Ӯ аз ҳаёти Амир Дӯстмуҳаммадхон, яке аз шоҳони вақти Афғонистон қисса карда, афзуд, “вақте ба кишвари ӯ душман ворид мешавад, дар баробараш писари худро равон мекунад ва дере нагузашта хабар мерасад, ки фарзанди ӯ аз сӯи душман мағлуб гардид. Амир бовар мекунад, аммо ҳамсараш мегӯяд, на ин дурӯғ аст. Ҳар чанд се бор ин хабарро ашхоси гуногун мерасонанд, аммо ҳамсари шоҳ боз ҳам мегӯяд, на писари ман ҳаргиз аз душман мағлуб намешавад. Бо гузашти вақт боз хабаре меояд, ки писари ӯ неву душман мағлуб шудааст. Вақте аз зани амир пурсида мешавад, ки дурӯғ будани хабари аввалро аз куҷо пай бурд, дар ҷавоб мешунаванд: “Аз замоне, ки ин фарзанд дар батни ман арзи ҳастӣ карда буд, луқмаи ҳаромеро ба даҳон нагирифтааму баъд аз таваллудаш ҳам тарбияи ӯро ба ҷуз худ ба касе бовар накардаам.”
Беҳрӯз Сатторов дар идома ибрози таассуф кард, ки ҳоло мусулмонон аз мустаҷоб нашудани дуои худ дар ҳайратанду мегӯянд, чаро Худованд дуои онҳоро намепазирад, аммо боре андеша намекунанд, ки чи гуна дуо қабул шавад, вақте хуроку пӯшок нӯшокиҳо шубҳаноканд. Ӯ яке аз иллатҳои мустаҷоб нашудани дуоҳои бисёре аз мусалмонҳоро зиёд шудани корҳои ҳаром арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |