Дидори Аслов бо И ва баҳси сафари Раҳмон ба Пекин
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш - Ван И мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо И рӯзи 30 октябр дар ҳошияи Вохӯрии чоруми вазирони умури хориҷии Раванди Истамбул оид ба Афғонистон дар шаҳри Пекин сурат гирифтааст. Дар ин мулоқот вазирони хориҷии Тоҷикистону Чин масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвари ҳамсоя ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалиро ба баҳс кашидаанд.
Инчунин масоили марбут ба иштироки ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар Гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Оромро, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябри соли ҷорӣ дар Пекин баргузор мегардад, баррасӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |