ВИДЕО: Консерти Нигинаву Дамирбек дар Филармония ва кафолати “зиндасароӣ”-и Олимов
Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов баъди шуҳрат ёфтани таронаи “Мавригӣ” дар Душанбе консерт медиҳанд.
Ин барномаи ҳунарӣ 15 ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад. Тавре аз таблуҳои таблиғотӣ дида мешавад, ин консертро ширкати продюсерии Ардашер созмон додааст. Продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, дар ин консерт Дамирбек Олимов бидуни фонограмма ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Консерти муштараки Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов дар ҳолест, ки таронаи “Мавригӣ”-и онҳо дар ин авохир шунавандаи зиёде пайдо кардааст. Навори ин суруд миёни корбарони бахши форсии Фейсбук ҳам яке аз писандатаринҳост ва дар Ютуб теъдоди бинандаҳояш бо суръат зиёд мешавад.
Ин аввалин суруди муштараки Нигинаву Дамирбек нест. Дар соли 2011 онҳо таронаи “Ялалум”-ро сабт карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |