Бахшҳо

Ал Мунтасаф: Табиби тоҷикро “Ал Қоида” дуздидааст

Хабаргузории арабзабони “ал-Мунтасаф” имрӯз, 31-уми октябр бо такя ба манбаи муътамади худ хабар додааст, ки Гулия Рофиева, табиби тоҷик дар Яманро гуруҳҳои террористии “ал-Қоида” дуздидаанд.

Ин хабаргузорӣ ҳадафи рабудани Рофиева аз ҷониби “ал-Қоида”-ро нигоҳубин ва табобати ҷангиёни маҷруҳи ин шабакаи террористӣ хондааст: “Як манбаи муътамади мо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, маълумоте рӯи даст дорад, ки рабудани табиби тоҷик аз сӯи ҷангҷӯёни “ал-Қоида” ва ҳузури ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои ин созмонро 90% собит мекунад. Ҳарчанд ихтисоси Рофиева ҷарроҳ нест, вале азбаски бо кори ҷарроҳӣ ошно мебошад, ӯро дуздидаанд.”

Ба иттилои манбаъ, задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёни созмони террористии “ал-Қоида" ва гуруҳи “Ҳусийюн”-и Яман, ки ахиран сурат гирифт, маҷруҳони зиёд аз ду ҷонибро барҷой гузоштааст: “Ҳусийюн” захмиёни худро ба беморхонаҳои давлатӣ интиқол додааст. Аммо азбаски ҷангҷӯёни "ал-Қоида" наметавонанд дастрасӣ ба беморхонаҳои давлатӣ дошта бошанд, онҳо барои табобати маҷруҳони худ маҷбур мешаванд табибонро ба зурӣ баранд.”

Гулия Рофиева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. То ҳол ин амалро ҳеч гуруҳе бар душ нагирифтааст ва мақомоти расмии Яман ва Тоҷикистон дар ин маврид шарҳе надодаанд.
Мӯҳр
58
Бечора точик хатто занаш хам дар гариби саргардон аст.То дирузаке аз кулбаи худ дур рафтан метарсид,имруз дар тамоми олам саргардон аст, имруз ки марди точик барояш шароитаке мухаё карда наметавонад сарсон аст.

Мухсин
Оё Вазорати кохои хоричи ё Хукумати Точикистон нисбати ин шахрвандаш ягон чорачуе дошта бошад? Фикр мекунам на, чунки агар хазорхо шахрвандонро дуздида баранд парвое надоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)