Боздошти мошинҳои "муҷаҳҳаз" аз ҷониби Воҳиди махсуси амнияти Президент

Кормандони Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва дигар меҳмонони олимақом дар Душанбе машғуланд, дар кӯчаи марказӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ муҷаҳҳаз намудани воситаҳои нақлиётро бо дастгоҳҳои автоматӣ ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ду мошин дастгоҳҳои махсуси автоматӣ насб шудаанд, ки ҳадафи он рӯйпуш намудани қонунвайронкуниҳои ронандагонашон мебошад.
Ба иттилои манбаъ ахиран зери назорати кормандони “Воҳиди махсус” мошини сокини Хуҷанд қарор гирифт, тариқи пахши тугма аз дохили автомашинааш рақамҳои давлатияш иваз мешудаанд ва ба ҷои рақамҳои аслӣ рақамҳои тақаллубӣ мебаромадаанд. Ин ниҳод мегӯяд, бо насби ин таҷҳизот дар мошини “Опел вектра”-ааш Олов Зиёмамади 29-сола аз шаҳри Хуҷанд қоидавайронкуниҳояшро аз чашми дурбинҳо ё худ камераҳои назоратии Душанбе пинҳон мекардааст: “Бо пахши як тугма аз дохил рақами давлатии мошинашро иваз мекардааст ва инчунин аз садоҳои хоси мошинҳои хидматӣ сӯиистифода карда, қонуншиканиҳо менамудааст.”
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки алайҳи Зиёмамади 29-сола парванда боз шуда, барои чораандешӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки ин нахустин ҳолат набуда, қаблан низ як мошини дигари муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Муайян гардидааст, ки ронандааш барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат 7 ҳазор сомонӣ қарздор будааст ва ба ҳамин минвол қоидвайронкуниҳои навашро пинҳон намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |