Дилшод Назаров: Касе тавоност ғолиб гардад (АКС)
Шоми имрӯз, 31 октябр дар шаҳри Душанбе сеюмин мусобиқаи байналмиллалии “Самбои муҳорибавӣ” барои дарёфти ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” оғоз мешавад.
Дар иртибот, рӯзи гузашта дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” бо иштироки Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Аҳтам Холиқов, раиси лигаи самбои муҳорибаҳои парфессионалӣ ва омехтаи Тоҷикистон, Майк Свик, директори генералии клуби АКА-Тайланд ва Михаил Смирнов, муовини кумитаи самбои муҳорибавии байналмилалӣ нишасти хабарие сурат пазируфт.
Дар нишаст гуфта шуд, даври сеюми мусобиқот оид ба муҳорибаи тан ба тан миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуда, инчунин дар муҳорибаи бузург варзишгарон аз Русия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Шветсария ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт: “Бисёр хушнудам, ки чунин мусобиқа бори сеюм дар ҷумҳурии мо баргузор мегардад ва ба иштирокчиён муваффақият хоҳонам, бигзор касе тавоност ғолиб гардад”.
Баъди нишасти матбуотӣ вазнбаркашӣ сурат гирифт ва тибқи он рақибони варзишгарон муайян гашт.
Сеюмин мусобиқаи байналмиллалии Самбои муҳорибавӣ барои дарёфти ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” соати 19:00-и 31 октябр дар толори варзишии Кумитаи андоз оғоз мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |