Бахшҳо

ВИДЕО: Дипломати Эрон дар бораи қарзи "Барқи тоҷик" ва дасти русҳо дар мушкилоти Анзоб

Сайидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон қабл аз канор рафтанаш аз ин симмат бо баргузории нишасти хабарие омили кундшавии раванди таъмири нақби “Истиқлол”-ро шарҳ дода, аз болоравии ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтуда-2” хабар дод.

Ӯ рӯзи 30 октябр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, сабаби аслии тул кашидани корҳои таъмирӣ дар нақби “Истиқлол” рафтуомади сокинон мебошад, ки ба қавли ӯ, ба таъмиргарон халал мерасонанд. Оқои Садрӣ афзуд, дар ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор додани ин нақб каме шитоб шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, замони оғози сохтмони ин нақб ба ширкатҳои эронӣ фурсат дода нашудааст, то тарҳи худро барои ин лоиҳа пешниҳод кунанд: “Масъалаи нақби Анзоб як мавзӯи печида ва густурдае аст. Ин нақб дар маконе воқеъ шудааст, ки сахтарин ҳолати эҷоди нақб дар он минтақа аст. Дар ягон минтақае ба ин сахтӣ кор вуҷуд надорад ва обҳои фаровоне болои он ҷорианд. Албатта барои мутахассисони Эрон кандани нақб бисёр як кори сода мебошад. Ин нақб тавассути русҳо тарроҳӣ шуда буд ва тарафи эронӣ агар дасти худаш буд, бояд тарроҳии наверо мекард. Аммо аз лиҳози он ки дӯстони тоҷикии мо барои рафтуои сокинон шитоб доштанд, ширкатҳои эронӣ бар асоси ҳамон мутолеот корро оғоз карданд. Дар задани нақб ҳеч мушкиле эҷод нашудааст ва омили дигар ҳам ин аст, ки гуфтанд мо бояд ин нақбро зудтар ифтитоҳ кунем ва ҳамин хел ҳам шуд, дар ҳоле, ки тамом нашуда буд”.



Аммо ӯ ширкати эронии масъули сохтмони нақбро айбдор кард, ки “чун вақте нақб комил нест, бояд онро дубора мебасту корҳои тармимро идома медод, вале ин корро накардааст”. Оқои Садрӣ мегӯяд, нақби “Истиқлол” то соли оянда пура аз таъмир хоҳад баромад ва онҳо қасд доранд, соли 2015 бо наздик омадани фасли тобистон, дақиқтараш баъд аз моҳи март онро ба муҳлати як ё ду моҳ бубанданд.

Бояд гуфт, бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар идомаи суҳбати худ ба масъалаи қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки аз сӯи давлати исломӣ бунёд шудааст, дахл кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ин қарз ба 40 миллион доллар расидааст: “Дӯстони тоҷикии мо мушкили худро доранд ва аз ин рӯ натавонистанд, маблағро супоранд ва умедворам, ин мушкил ҳалли худро меёбад. Ҳар се ё чаҳор моҳа ин маблағ ба андозае боло меравад. Албатта агар пули барқ пардохт нашавад”. Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба далели таъхиркориҳо дар пардохти ҳаққи Сангтӯда-2 қарор кардааст, ки ба ҷои 12,5 соли қаблӣ ин нерӯгоҳро тайи 14,5 сол дар ихтиёри Эрон қарор диҳад. Сангтӯда-2 тариқи усули биотӣ сохта шуда, қаблан қарор буд, ки тайи 12,5 соли аввал он моли Эрон аст ва баъди ин муҳлат ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Сайидмаҳмуд Садрӣ, ки тули беш аз 9 моҳ аст, сарпарастии сафорати кишвараш дар Тоҷикистонро бар душ дошт, баъд аз таъйин шудани сафири нави Теҳрон дар Душанбе аз ин симмат канор рафт. Ба гуфтаи Садрӣ, ӯ ҳоло Тоҷикистонро ба қасди кор дар сафорати кишвараш дар Туркманистон тарк мекунад ва ҳоло Ҳуҷҷатти Фағонӣ, собиқ масъули ситоди Афғонистон дар Вазорати умури хориҷии Эрон, сафири нави Теҳрон дар Душанбе таъйин шудааст.

Неругоҳи “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 мегаватт аз ду агрегат иборат аст ва бо 40 миллион доллари Тоҷикистон ва 180 миллион доллари Эрон сохта шудааст. Агрегати аввали он 5 сентябри соли 2011 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба истифода дода шуд. Чархаи дуюми он зимни сафари ахири Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе фаъол карда шуд.
Мӯҳр
88
Ба хар хол халки точик аз Ирони бузург миннатдор аст ки дар кутохтарин муддат ин накбро анчом дод ягон кишваре чун Ирон дусти Точикистон нест ва намешавад.Ба сафири кухан ташаккур ва ба сафири нав Точикистон мегуяд:Мархабо!

Чу ИРОН набошад тани ман мабод, Ба ин марзу бум зинда як тан мабод

Мухтарам "Озодагон"! Шумо вокеан баистилох мубаддал ба "Желтая пресса" гардидаед! Аз хар матлабе ки мавриди мутолиаи муштари карор мегирад, талош ба хангомасози мекунед ва ба хонанда фикрм тахрифшударо тахмил менамоед. Тунели "Анзоб" замони Шуравии собик мавриди таррохи ва арзёби карор гирифта буд ва тамоми пажухишгоххои марбутаи ин бахш дар тамоми каламрави Шурави, на танхо русхо, дунболи ин кор буданд. Бинобар ин бо хамчунин сарлавхаи дуругини "Дипломати Эрон дар бораи қарзи "Барқи тоҷик" ва дасти русҳо дар мушкилоти Анзоб" набояд хонандаро дучори гумрохи намуд!!!!

Мухаммад
Зинда бошанд Точикистону Ирон ду кишвари хамзабон

ХУДИ БУРОДАРОИ Эрони мугуянд, саломи эрони бе тамаъ намише,яъне корашон хеч миннатгузориашон дахчандон мише. Охир мо гуфтем тунел занед шумо рудхона зада бурафтед. Маълум нашуд, ки киро зада-зада бурафсос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)