Бахшҳо

500 сомонӣ барои халосӣ аз хидмати ҳарбӣ (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори ноҳияи Қубодиён хабар дод, дар гирифтани пора барои халос намудани як ҷавон аз хидмати ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод Хайрулло Неъматов, сардори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён аз ваколатҳои хизматияш истифода бурда, барои ба хизмати ҳарбӣ даъват накардани Садиров, ки дар Русия қарор дорад, аз модари ӯ 500 сомонӣ ба сифати пора гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, феълан Неъматов боздошт ва далели шайъӣ гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи ин масъули мизи ҳарбӣ ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як моҳи даъват беш аз 80 дарсади нақша аллакай иҷро шудааст.

Ҳолдонҳо мегӯянд, гарчанде қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кор набурдани “облава” дастур дод, то ҳозир ҳам истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ зимни даъвати наваскарон дида мешаванд.


Видеои ҷалби ҷавон ба хидмати ҳарбӣ, ки охири соли 2013 нашр шудааст:

Мӯҳр
Бури
Поймолкунии хукуки инсон аз ин навор дида мешавад. Зинда бош Сарконун 20 сол боз амал мекунию ахвол хамон

камбагал дар азоб.

Ma nafmidum, Prezident guft ki oblava man karda shud, dar Vazorati mudofiya megan mo oblava nameknem hama duruga....O pas i qadar qapoqap, i qadar videohoi chiyan? Fotoshop? eki i shokirchiho gapi Janoba gush nameknan???Бури,

Ин шармандагист, ба коркунони комисариат, магар шумо акалан модаронро хурмату эхтиром намоед. Мардуми точик бо эхтиром намудани якдигар бахусус падару модарон, апаю хохар пешхо маъруф буданд, чи бало зад ки чунин рафтор мекунем. О ин писар чинояткор нест

Гулрухсор
Озоди чаро суханони моро чоп намекуни кани адолат кани як бор як писари генерал ё вазир ё раис кани рафта хизмат кунан бад мардум мегуянд ки дар хакони хакикат хаст. Дар Точикистон ягон адолат намондааст, президенти мо якбор ашки модари бечораи точикро намебинад доду фарёди онхоро намешунавад агар хозир яккас нисбати хукуматдории шумо гап занад ёфта он шахсро ба зиндон мепартоед якбор адолатона рафтор кунед азбарои Худо

Албатта он чавоне, ки ба аскари меравад аз он чо сихату саломат бар намегардад. Шороити имрузаи казармахои Точикистон ба хама маьлум аст. Ман дар бисёр чойхо дидам ва шунидам ки Аскарон аз мардум пораи нон мепурсиданд чун гурусна буданд.
Барои хамин 500 сум ва хатто аз ин хам зиётар сум пора медихан ки аз ин шиканча халоси ёбанд. Махз хамин камбудихо буда сатхи ватанпарасти ва ватандусти ягон чавонмарди точик хис намекуни. Агар хамаи камбудихо бартараф шаванд ман бовари дорам ки чавонони баномуси точик бе Облава ба аскари мураванд.

Сафар
Чаро дар дигар давлато чунин нест чаро дар кишвари хамсоя афгонистон покистон чунин нест ай касе хаст посухи гардонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)