Сабти 868 нашъаманд ва лағви 3 нуқтаи нашъафурӯшӣ дар Хоруғ
Раёсати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Бадахшон мегӯяд, дар вилоят 868 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки бештарашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон иқомат доранд.
Ба иттилои манбаъ сарҳади тулонии вилоят бо Афғонистон дастрасӣ ба маводи нашъаоварро дар минтақа нисбатан осон кардааст ва афзоиши истеҳсоли мухаддирот дар он тарафи Панҷ ба ҷумҳурии мо низ таъсири манфӣ дорад. Масъулини мубориза бо нашъ мегӯянд, тайи 9 моҳи аввали соли равон се адад нуқтаи фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғ ва як адад дар ноҳияи Шуғнонро барҳам доданд.
Дар маҷмуъ ба иттилои манбаъ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави вилоят тайи 9 моҳ 60 амалиёт гузаронда 523 килогармм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |