Масдудияти дубораи Фейсбук дар Тоҷикистон
Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дубора дар Тоҷикистон маҳдуд гардид. Аксари корбарони ин шабака мегӯянд, аз субҳи 30 октябр ба ин сӯ, наметавонанд, вориди он шаванд.
Тавре манобеи “Озодагон” аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет иттилоъ доданд, шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо шумули даҳҳо сомонаи дигар бо дастури Хадамоти алоқаи кишвар баста шудааст.
Масдудияти Фейсбук дар қаламрави Тоҷикистон бори аввал нест, тайи як моҳи охир бори сеюм аст, он баста мешавад. Қаблан низ он дар қаламрави кишвар аз 5 то 17 октябр масдуд шуда буд. Вале рӯзи 17 октябр ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дастрасӣ ба онро дубора имконпазир карда, гуфтанд, дар ин бора аз Хадамоти алоқа дастур гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |