Ҷузъиёти бозҷӯии хонаю бустонсаро ва бозпурсии Каромат Шарипов

Ҷунбиши умумирусиягии “Иттиҳоди муҳоҷирони тоҷик” бо нашри як иттилоия аз бозҷӯии дафтари корӣ, манзили истиқоматӣ ва бӯстонсарои раҳбарашон Каромат Шарипов хабар дода, меафзояд, ки худи Шарипов дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Вихино қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ бозпурсию бозҷӯиҳо дар доираи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи 6-уми сентябр дар бозори “Садовод” сурат гирифта истодаанд. Мақомоти Русия дар ин задухӯрди 6-уми сентябр миёни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони созмони муҳофизатию маъмурини пулис Шариповро муттаҳам мекунанд, ки муҳоҷиронро ба чунин амалиёт водор месозад. Дар пайи ин даргирии 6-уми сентябр се тоҷик бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуда, яке ҷарроҳӣ гардид.
Манбаъ мегӯяд, дар бозори “Садовод” ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик фаъолият доранд, ки ҳуқуқашон нақз мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқро низ ба қаламрави бозор роҳ намедиҳанд. Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” меафзояд, ки қаблан Каромат Шарипов барои талошҳояш барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Садовод” таҳдидҳои телефонӣ мегирифтааст.
Баробари ин ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” таъкид мекунад, ки бозҷӯии хона ва бустонсарои Шарипов аз рӯи иттиҳом ба экстремизм сурат гирифтааст. Масъулини ҷунбиш инчунин аз бархӯрди дағалонаи маъмурини рус шикоят доранд, ки бо вуҷуди бад шудани ҳоли намояндаи ҳомиладори ҷунбиш ба ӯ кӯмак накардаанд ва табиби ҳозир гуфтааст, ки “агар бемор бошад, равад дар Тоҷикистон табобат гирад.” Дар иттилоия ишора шудааст, ки эҳтимол намояндагони Тоҷикистон низ дар маърака алайҳи Каромат Шарипов даст доранд.
Фаъолони ҷунбиш ин қазияҳоро маҳкум карда, таъкид мекунанд, ки тариқи як нома аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия расидагӣ ба ин қазияро талаб хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |