Президент қонун дар бораи афви 10 ҳазор нафарро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қонун “Дар бораи афв”-ро, ки аз 24 модда иборат асту рӯзи 29 октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар қабул гардид, имзо кард.
Ин лоиҳаи қонун, ки аз сӯи худи раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба муносибати 20-солагии рӯзи Сарқонуни кишвар пешниҳод шудаааст, 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин қонунро рӯзи 29 октябр баъд аз қабул шуданаш аз сӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имзо кардааст.
“Қонуни мазкур асосан нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд”, - афзудааст манбаъ. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд ин қонун бештар занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, фаро мегирад.
Манбаъ афзудааст, матни пурраи Қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи авф” рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор хоҳад ёфт ва баъд аз он мавриди амал қарор мегирад.2 ВИДЕО: Баҳсу баромадҳо зимни тасвиби афви 10 ҳазор маҳбус дар парлумон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |