АКС: Тағйироти кадрӣ, баҳси буҷа ва шиносномадиҳӣ дар ҷаласаи ҳукумат

Имрӯз, 29-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ тасдиқ шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷобиров Иброҳим директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва собиқ раҳбари ин корхона, Анвар Махсудов ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров таъин гардид. Манбаъ мегӯяд, ректори қаблии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Ғафурҷон Усмонов бо сабаби беморӣ аз вазифа озод карда шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин афзуд, ки Шуҷоат Сироҷов директори иҷроияи маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ва Сафар Каримов директори маркази татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона таъин карда шуданд.
Зимни ҷаласа инчунин Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди муътадили иқтисодиёти кишвар ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро аз вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон номидааст.
Абдусалом Қурбонов , вазири молияи Тоҷикистон зимни гузориш дар бораи буҷа таъкид кардааст, ки ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст: “Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хислати иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50% хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар рост меояд ва ин нисбат ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёда аз 400,0 млн.сомонӣ равона мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2%, меъёри таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% ба нақша гирифта шудааст.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар муҳокимаи масъалаи буҷа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд дар пайи баррасӣ лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар ниҳояти маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар ва омодагӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |