Бахшҳо

Файзалӣ Ҳасан “дуздӣ”-ҳояшро дар телевизион иқрор кард

Файзалӣ Ҳасан, овозхони шинохта ва хунёгари тавонои тоҷик тариқи шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон иштирокашро дар чанд ҳолати "дуздӣ" эътироф намуд. Ӯ, ки қаҳрамони бисёре аз латифаҳои маъруф дар миёни мардум аст, изҳор дошт, ки бисёри ин қиссаҳо аз ҳаёти воқеии ӯ гирифта шудаанд.

Файзалӣ Ҳасан, ки мустақиман ба суолҳои тамошобинҳои барномаи “Симо”- и шабакаи аввал посух мегуфт, изҳори хушнудӣ намуд, ки қаҳрамони латифаҳо дар миёни мардум аст ва чанд латифаи маъруферо, ки аз ҳаёти воқеии ӯ гирифта шудаанд, нақл кард: "Латифаю шӯхиҳое, ки дар бораи ман мегӯянд, асос ҳам доранд. Солҳои 93-юм буд, солҳои вазнин, мардум аз бенонӣ азият мекашиданд. Ман ростӣ, аз ким- куҷое як-ду халта гандум ба хонаи худ бурда, дар ҳамон пеши дарвоза мондаму боз маро ба як кори дигар даъват карданд. Шабона вақте баргаштам, дидам, ки ду ҷавон назди дарвозаи манда истодаанд. Суол додам, ки соати 12-1-и шаб назди хонаи ман чӣ кор мекунед? Мумкин нест ин хел! Гуфтанд акои Файзалӣ мо осиёб рафтем барқ, ки нашуд мо ҳаминҷада омада каме дам гирифтем. Баъд гуфтам аку равед хонаҳои худатон, гуфтанд ака ёрдам намекунӣ гандумҳоямонро бор кунем. Дидам ҳамон ҷо ду халта гандум, гирифтам бо ду дасти адаб дар сари китфашон бор кардам. Вайҳо рафтанд ман хона даромадам. Саҳар занак гуфт, ҳамон гандумҳои овардара намебарӣ осиёбда орд кунед. Кофтем, ки нест ва ба ёдам омаду гуфтам ба Худо занак шаб ҳамон гандумҳора ба дасти худам ҳамон пушти дуздҳо бор кардам. Ин кор дар ҳақиқат шудааст”.

Файзалӣ Ҳасан ҳамчунин зимни ин барнома эътироф кард, ки ҳамроҳи як дӯсташ қасди дуздии қошуқҳои зардорро аз хонаи дӯсти сеюмашон кардаанд: “Рӯзе ҳамроҳи Сайидбухорӣ, ки хеле инсони хуб буданду Худо раҳматашон кунад, ба хонаи як дӯсти сарватманду хайрхоҳамон рафтем. Хай дарстархони бисёр ҳам зебо ороста ва дар рӯи дастархон қошуқҳои қиматбаҳои хеле зебо низ буданд. Дидам, ки Сайидбухорӣ ҳамон қошуқҳои зоҳиран тиллоиро бисёр нигоҳ дорад ва яке дидам, ки як қошуқи тиллоиро гирифта дар ҷайбаш андохт. Ман ҳам гуфтам, аку чӣ хел Саидбухорӣ аз ин ҷо бо қошуқи тиллоӣ барояду ман не. Баъдан ман ҳам дастамро дароз карда як қошуқи тиллоиро гирифта дар ҷайбам андохтанӣ будам, ки хонадор даромада диду гуфт, акаи Файзалӣ чӣ гап аст? Ман худамро аз ин вазъияти ногувор барорам гӯён, изҳор доштам, ки мо дар баробари сароянда буданамон, ҷашмбанд ҳам ҳастем. Гуфт чӣ хел? Гуфтам ман ин қошуқро дар ҷайбам меандозам Шумо онро аз кисаи Сайидбухорӣ гиред”.

Файзалӣ Ҳасан аз фалаксароёни маъруфи Тоҷикистон аст, миёни мардум ҳаводорони зиёд дорад.
Мӯҳр
eee Fayzali hikoyai 2-yumta druga gufti izo kash i dar hakikat dar russiya shidagiyay 1 musafedi kaloni ayba namedoni

Таблакчи
Напурсидед, ки размераш чанд?

Акачон,ин хел латифахоро вакте берун аз Точиикстон шудед,ба худатон нисбат дихед.ин латифа моли шумо нест ва шумо онро аз нафаре бадхшони дуздиадед.ин моли хачвнигорони бадахшони бо лакахо Мозику Мишик аст, ки солхост дар Бадахшон маъмул аст.Шумо бошед оно нав шунидаеду бароятон нав аст.Хакикатан дузди фикру андеша будаед.

ношинос
хунарманди хуб аст, офарин барои сухбату латифахояш.дар тамоми чахон хунармандон озодона сухбат мекунанд мо бошем факат колабием.чи даркор ин эродхо..сухбати хуб буд

хами мардуми кай бас мекарда бошад бахиливу аз пушти якдигар гап кардана латифаи помири бд сугди ё кулоби фаркаш чи Файзали ако як комик ва хофизи хубест барои мо хизмат мекунад бас кунед ин ночавонмардитона

Саид
Бародар ба забони адабии точики харф мезади хуб мешуд. Боз хамон забони хайтолии паштуни ин точики нест - хаминчада, аку... Айба аст-ее.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)