Бахшҳо

2 ВИДЕО: Баҳсу баромадҳо зимни тасвиби афви 10 ҳазор маҳбус

Лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв”, ки аз 24 модда иборат аст, имрӯз, 29-уми октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар қабул гардид ва 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.

Шерхон Салимзода, додситони куллли Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон, қонуни афвро як амали дигари башардустонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки он барои қадрдонӣ аз арзишҳои инсонӣ ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун роҳандозӣ шудааст.

Салимзода афзуд, ки тибқи қонуни нави афв ҳамаи ноболиғон ва занҳо, ки дар маҳкама ҳастанд ё парвандаҳояшон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, афв мешавад. Ӯ таъкид кард, танҳо занҳое афв намешаванд, ки барои хиёнат ба Ватан, куштор ё амалҳои террористӣ маҳкум шудаанд. Додситони кулл шарҳ дод, ки муттҳамон дар куштор, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, афв мешаванд. Ҳамчунин ба гуфтаи Салимзода ҳудуди 112 маҳбуси бемори силу саратон, муттаҳамон дар ҷиноятҳои молӣ, ки зарарро ҷуброн кардаанд ва афроде, ки то адои пурраи муҳлати ҳабсашон 1,5 сол мондааст, ба озодӣ хоҳанд баромад.

Шерхон Салимзода ҳамчунин таъкид намуд, ки афроде, ки дар маҳбасанду дар гузашта ду бор ё аз он бештар афв шудаанд қонуни нав ба онҳо дахл нахоҳад дошт. Ӯ дар мавриди пайомадҳои афв изҳор дошт, ки аксаран он таъсири мусбат дорад, аммо бархе дарси ибрат нагирифта, боз даст ба ҷинояткорӣ мезананд.

Шерхон Салимзода, дар посух ба суоли “Озодагон” таъкид намуд, ки бовар дорад, қонуни нави афв бе порагирӣ татбиқ мешавад ва афзуд, ки мо барои ин талош хоҳем кард. Ӯ дар мавриди афви афроде, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ, қарор доранд, аз қабили Додоҷони Атовуллоҳ ва аъзои “Гуруҳи 24” илова намуд, ки дар ин маврид бояд меъёрҳои қонунгузориро аз назар гузаронд, ки оё авф ба онҳо ҳам дахл дорад ё на.

ВИДЕОИ баромади Салимзода дар назди намояндагони мардум:



Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон низ ба ҳимоят аз ин лоиҳа баромад карда, таъкид намуд, ки он 16-умин афви эълонкардаи президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ аз раҳоии садҳо зану ноболиғ истиқбол карда, аз мақомот хост ҳаёти раҳошудагонро зери назорат гиранд ва дар таъминоташон бо кор мусоидат кунанд. Ӯ пораю фасодкориҳо зимни татбиқи қонуни афв мояи нигаронӣ хонда, аз мақомот хост, онро ҷилавгирӣ намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили дигари парлумони Тоҷикистон низ аз эҳтимоли ришваситониҳо дар ин раванд изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунин пешниҳод намуд, ҷавононе, ки аз нофаҳмӣ даст ба гуруҳҳои экстремизмӣ задаанд, афв карда шаванд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ ба масъалаи татбиқи афв дахл карда, гуфт, маҳбусон аз раисиҷумҳур миннатдоранд ва бояд мақомот ба камоли эҳсону шафқату инсондӯстӣ ин ташаббусро амалӣ созанд:



Вакилон дар маҷмуъ хостанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ густариш ёбанд, то эҳтимоли фасодкорию сӯиистифода аз татбиқи афв камтар шавад.
Мӯҳр
Сорбон
Ин мааки Кабирира чум фахмида намеша. Боз тарафи экстремистонро гиритестай...

Акои Кабири боз пушти хамун террористу экстремистро гирифта истодааст. Наход аз нофахми террористу-экстремист шави? Ислом ба зоти худ надорад айбе, хар айб ки хаст дар мусулмонии мост. Аслан якчи дар инчо нофахмо, тибки конун Точикистон давлати дуняви, вале ХНИТ хамчун хизби сиеси, ки дар давлат ба кайд гирифта шудааст, факат мавзухои диниро барраси мекунад. Ин магар мухолифи конститутсия нест?

Бисер хуб барои пулдорону тага дорон! Биер бад барои бе пулону факирон! Пулдорону тагадорон бо рохи каллоби озод мешаванд лекин факирон Боз барои озод кардани фарзандонашон аз пай пулу пайса! Чунки ин авф як рохи пулкоркунии воло макомот аст. Мебинед бародарони точикам кадом одаме авф шавад хатман пул дода авф мешавад!!!!

Файласуф
Хайр туремчикхо барлянд аз стёсати давлат пуштибони мекунанд" омадааст дар тафсири конуни мазкур. Шумо аз ин чи бардошт мекунед яьне сиёсати давлатро халк пуштибони намекунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)