Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон боз майли гаронию рекордшиканӣ дорад ва феълан арзиши як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор то ба 5,24 сомонӣ расидааст. Гарчанде арзиши доллар дар нуқтаҳои саррофии Душанбе дар фурӯш ҳудуди 5,22-23 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо саррофон вақти фурӯш 5,25 сомонӣ талаб мекунанд ё мегӯянд, ки доллар надорем. Дар пасманзари гароншавии доллар, ки одатан оғози гароншавии маҳсулоти дигар дар бозорҳои Тоҷикистон аст, “Озодагон” аз роҳгузарон дар шаҳри Душанбе суол кард, ки оё таъсири болоравии қурби долларро эҳсос кардед?
Мӯҳр