Мирсаид Яҳёев, раиси федератсияи таэквандои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодагон» изҳор дошт, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ намояндагони 84 давлат ширкат варзиданд. Бино ба қавли ӯ, мақоми аввали ифтихориро соҳибони майдон- варзишгарони Куриёи ШимолӣҶойи якумро таевондочиёни Куриёи Шимолӣ соҳиб шуданд, ҷойи дуюм насиби варзишгарони Русия гардида, Тоҷикистон барандаи ҷои сеюм ва нишони биринҷии сабқат шуд. Яҳёев афзуд, ҳайати дастаро 13 нафар варзишгарон, 5 духтар ва 8 писар ташкил медод. Ҳамаи онҳо соҳиби медал шуда, натиҷаи аз ҳама баландро Сабина Тағойназарова ва Далер Тӯраев ба даст оварданд. Ин ду тан аз рӯи натоиҷи инфиродӣ ҷойи аввалро ишғол карда, дар маҷмӯъ тими Тоҷикистон 2 нишони тилло, 5 медали нуқра ва 6 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. «Барои ман хурсандиовар, он буд, ки рӯзи 8-уми сентябр Сабина Соҳибназарова сазовори медали тилло ва соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шуд ва рӯзи 9-ум Далер Тӯраев боз ҳамин натиҷаро такрор кард, ки ин тӯҳфаи арзандае буд дар арафаи ҷашни Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон»,-ҷамъбаст кард Мирсаид Яҳёев.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |