Торнамои интернетӣ барои ҳимоят аз Зайд Саидов
Дар шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҷонибдорӣ ва ҳимоят аз Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон дар Тоҷикистон, сомонае роҳандозӣ шудааст.
Ин сомона, ки бо нишони “zaidsaid.at” дастрас аст, аз сӯи як гуруҳи ҷонибдори соҳибкори зиндонии тоҷик таъсис ёфта ва ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз роҳандозии он “дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов” мебошад. Созмондиҳандаҳо таъкид кардаанд, “итминон дорем, бо ин васила имкони боз ҳам бештари огаҳии мардум аз паҳлӯҳои гуногуни қазияи Зайд Саидов ва талошҳои мавсуфу ҷонибдоронаш дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсие, ки ҷавобгӯи армонҳои мардум гардаду тавонад дар пешрафту ободии Тоҷикистони азизамон саҳми босазое дошта бошад, фароҳам меояд”.
Зайд Саидов моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |