Фирдавсӣ дар “Ибни Сино” чашми тоҷикистониёнро табобат мекунад

Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе аз ташрифи табиби маъруфи эронӣ, Аҳмадалии Фирдавсӣ хабар медиҳад, ки як муддати муайян ба табобати бемориҳои чашми тоҷикистониён машғул хоҳад шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Ибни Сино” табиб Фирдавсӣ ба ин беморхона 30- юми октябр ташриф хоҳад овард: “Доктор Фирдавсӣ ҷарроҳи варзидаест ва бо иштироки ин мутахассис дар шуъбаи бемориҳои чашм амалҳои зиёде муваффақ анҷом дода шуданд.”
Манбаъ таъкид мекунад, ки дар шуъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино табобат ва ҷарроҳии бемориҳое, аз қабили ҷарроҳии узвҳои ашк, ҷарроҳии қарния (птерегиум), ташхис ва муоинаи пайвастаи астигматизм бо интихоб намудани оинаҳои сферикӣ ва силиндрӣ, олусӣ (страбизм) (модарзодӣ) ва оризаҳои асабӣ, оризаҳои эндокринологии кӯдакон ва наврасон, табобати консервативии доғҳои дегенеративӣ ва дистрофия, таъғироти синусолӣ дар қисмҳои пеши курраи чашм, ретинопатияи дибетикӣ, оризаҳои ҷоғари заҳролудшуда ва ғайра анҷом дода мешаванд.
Масъулин мегӯянд, хоҳишмандон метавонанд худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд. Телефон барои маълумот 44-640-01-02. Инчунин, маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи бемористон www.ibnisino.tj дастрас намоед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |