Задухӯрди мусаллаҳонаи тоҷикону доғистониҳо дар Маскав: Шарҳи Иззат Амон

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, шаби 27 ба 28-уми октябр дар ноҳияи Сходняи вилояти Маскав задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он ҳадди ақал ду тоҷик маҷруҳ шуда, боқимонда боздошт ва бархе фирор кардаанд.
Дар шарҳи ин қазия Иззат Амон ба “Озодагон” гуфт, Николай, як корфармои рус ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро надода, бо ҷалби доғистониҳо хостааст, амволи ширкаташро аз анбор дар Сходня ба ҷои дигар барад: “Аммо муҳоҷирони тоҷик монеаи ин кор шуда, талаб кардаанд, ки аввал маошашонро диҳад. Дар натиҷа задухӯрд ба миён омада, доғистониҳо сӯи тоҷикон тир холӣ кардаанд.”
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик аз қавли шоҳидони ин ҳодиса афзуд, пулис дар қазия тоҷиконро гунаҳкор намуда, феълан 7 нафарро боздошт намудааст. Ӯ афзуд, ки қаблан бо Николай, корфармои тоҷикон дар Сходня мулоқот кардааст ва ӯ ваъда додааст, ки маоши яксолаи тоҷикон дар ҳаҷми 4 миллион рублро то 10-уми октябр пардохт хоҳад кард, аммо иҷро накардааст.
Иззат Амон муътақид аст, ки қазияи шаби 27 ба 28-уми октябр махсус роҳандозӣ шудааст ва Николай мехоҳад бо мусоидати маъмурини пулис маоши тоҷиконро надода, онҳоро ба ҳар иттиҳом аз Русия хориҷ кунад. Тибқи иттилои ӯ аллакай амволи марбут ба Николай ба дигар ҷой кӯчонда шудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |