Бахшҳо

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни боздид аз оромгоҳи шоири маҳбуб, Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон аз қавли шоир ба дурандешӣ, эҳтиёткорӣ ва некномӣ даъват кардааст.

Зарифӣ бо нашри аксҳояш аз оромгоҳи Низомии Ганҷавӣ аз шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон дар сафҳаи фейсбукияш аз қавли ин шоири форсизабон овардааст:

То накунӣ ҷойи қадам устувор,
Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор.
Дар ҳама коре, ки гароӣ нахуст,
Рахнаи берун шуданаш кун дуруст.
Шарт бувад дида ба раҳ доштан,
Хештан аз чоҳ нигаҳ доштан.

ххххх

Рафтанд каёну динпарастон,
Доданд ҷаҳон ба зердастон.
Ин қавм киёну он каёнанд,
Бар ҷои каён нигар киёнанд.
Ҳампояи он сарон нагардӣ,
Илло ба тариқи некмардӣ!

Қироати шеър аз ашъори Низомии Ганҷавӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахири Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар Душанбе пешниҳод намуд, ки ҳамасола ба хотири бузургдошти Ганҷавӣ маҳфили “низомихонӣ” баргузор шавад.

Низомии Ганҷавӣ, ‎ (1141 – 1209)— шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик аст, ки тамоми умрашро дар Ганҷа, порае аз Эронзамини бостон, ки имрӯз дар ҳудуди Озарбойҷон аст, гузарондааст. Падари Низомӣ Ганҷавӣ аз аҳли илм ва модари ӯ аз деҳоти атрофии Ганҷа ба қавли худи ӯ «раиси курд» буд. Низоми Ганҷавӣ аз хурдӣ аз падару модар маҳрум гашта, тарбия ва сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба уҳда гирифтааст.

Ёдгории ҷовидонаи Низомӣ “Хамса”-и ӯст, ки онро Панҷ ганҷ низ меноманд ва аз панҷ достон-Махзануласрор, Хусрав ва Ширин, Лайли ва Маҷнун, Ҳафт пайкар ва Искандарнома иборат аст.


Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)

Зарифӣ дар оромгоҳи Ганҷавӣ: Рафтанд каёну динпарастон...(АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Зарифиро хайкалашро бояд гузоранд дар Душанбе... бенихоят марди окил аст..

Нав хушатон ба саратон омад ми мухтарам Зарифи. Вакташ ба фикр кардан даркор буд. Шарт ми аз вазифа равад, баъд дунёро фахмед. Рафта намозотона хонда гардед,хело азоб додед одамхора. Равед тавба кунед а то худованд шуморо намебахшад.

Чамшед
Баъд аз вазифа рафтан эхтиёткору хайрхох мешаванд. Дар вакти ваизфа доштан ба кадри кормандон намерасиданд акнун ки рафтанд худро гамхору эхтиёткор мехисобанд.

Магар дар вақте вазир бyдани ин кас пораи замин ба Хитой фурухта нашyд? Имруз бо ин кас чин шyдаст ки Низомипараст шyдаст.@

Сафорат
Дурандеш мебудед рутбаи дипломати ба кормандони сафоратхо дар хорич медодед то ки кадре хам бошад вазъи молиявии оилаашонро дуруст мекарданд. Мехохед дуюмбора Вазир шуда хзатогихоятонро ислох кунед!
Ҳампояи он сарон нагардӣ,
Илло ба тариқи некмардӣ!

тоза кабки дарй
Офарин бар Зарифи! Меросбарони Низомии бузург мо мардумони форсигу хастем на туркони бефарханг. (мугулнажод бояд фахмида шавад на озариву турки истомбули). Хар як точик бояд Хамса-ро бихонад вагарна точики комил нахохад буд. Падари Низоми аз тотхои Ганча ва модараш аз курдхои он макон буд. ( Тот ва точик як мардуманд) Пас аз Фирдавси бузург, туркбадбинтарин (мугулбадбинтарин) абармарди ислом аст ки собит карда ки кавмхои мугулиро бад дидан аз имон аст.
Туркй сифати вафои мо нест
Туркона сухан сазои мо нест.
Хар к-аз насваби баланд зояд
Уро сухани баланд бояд.

корманд
Аксхои зебо нигоххои гамхорона дорад???. Танхо аз назди бинои сохтаатон гузаштан эхтиёт кунед дилатон назад. Дурандеш. Боз хамон чилики Низомиро нашикани хамашро доред боз наафтед. Бо аксхоятон ба ёди хеч кас намерасед. Хубаш тавба карда гаштан гиред саломатиатонро эхтиёт кунед

Тоҷик
Салом.

Мегум, ки мардуми мо аҷоибот мардум аст. То ба ҳол нафаҳмидед, ки баъди рафтани Зарифи сиёсати хориҷии мо бисёр ҷазир шудааст. Қати Қирғиз 1 сол мешавад ки забон як карда наметонан.

Ба фикрам баъди 2 сол мардум мефаҳмад ки чи буданашроо.

хоричи
Биёед аз худатон ин кадар шахси гамхори миллат ва содик ба сиёсати имруза натарошед. дустони хиричиатон бисёр хор намешавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)