Душанбе, 7 Апрел 2025
Пуштибонии Ҷумҳурият аз Русия ва интиқодаш аз Азҳару ҲНИТ

Ҷумҳурият – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри ду матлаб ба сари қудрат омадани исломгароёнро омили аз байнбарандаи сулҳу субот дониста, кишварҳои исломӣ, бо шумули донишгоҳи Азҳари Мисрро тавлидкунандаи ифротгароён хондааст.
Ин нашрия дар матлабе бо унвони “Исломгароёни ифротӣ кинаҳо бар синаҳо мезананд” менависад, “аксари кишварҳое, ки режими исломӣ доранд ва ё дар он давлат исломгароён бар сари ҳокимият ҳастанд, нофаҳмӣ байни давлат ва ҷамъият ба назар мерасад. Ҷангу муқовиматҳо дар ҳамин гуна кишварҳо чӣ дар гузаштаву чӣ ҳозира идома доранд”.
Муаллифи ин матлаб аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон мисол оварда, дар ҷанги шаҳрвандӣ Ҳизби наҳзати исломиро айбдор кардааст. Ба таъкиди ӯ, маҳз дар ин солҳо исломгароён давлатро дар вартаи нестшавӣ қарор дода буданд: “Як чизро бояд зикр намуд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳамин исломгароён давлатро ба вартаи нестшавӣ оварда буданд. Мухолифони тоҷик дар доираи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва ҳамин ҳизб боиси бадбахтии халқи тоҷик дар он давра гашта буд”.
Муаллифи ин матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар хитоб ба ҳаводорони ташкили давлати исломӣ меафзояд, аз таърихи пешини ҳамаслакони худ ва таҷрибаву тавони идории онҳо дарси ибрат бигиранду ин ҳавою ҳавасро аз сар берун намоянд: “Онҳое, ки орзуи давлати исломиро мекунанд, бубинанд, ки ҳамақидаву ҳаммаслаконашон то кадом сатҳ имкони раҳбариро доранд ва аз нафъашон дида, зарарашон ба мардум зиёдтар мерасад”.
Ҷумҳурият дар матлаби дигар аз бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср ҳамчун тарбиягарони ифротиҳо ном бурда, гуфтааст, маҳз ин давлатҳо омили аслии паҳн шудани ифротгароён дар кишварҳои дунявиянд. Ин нашрия дар матлабе, ки ба қалами Ҳафиз Холиқзода, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон рабт дода мешавад, менависад, “таҳқиқоте, ки анҷом ёфтаанд, тасдиқ мекунанд, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср ва Донишгоҳи ал-Аҳзари он ва дигар кишварҳои исломӣ марказҳои тавлиди тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ҳастанд. Маҳз ҳамин марказҳо ҳастанд, ки ба кишварҳои дунявие чун Русия, Олмон, Англия ва ғайра ифротгароиро паҳн мекунанд”.
Дар идомаи матлаб аз Русия ҳимоят шуда, таъкид гардидааст, ки митинги 10 октябри соли равонро ифротгароёни динӣ мехостанд ташкил кунанд, на ифротгароёнӣ дунявӣ. Ба навиштаи Ҷумҳурият, созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ва раҳбари он, исломгаро мебошанду яке аз ҳамсангарони фиребхӯрдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор мераванд: “Барои пурра ташаббусро аз ихтиёри “Гурӯҳи 24” гирифтан Кабирӣ ҳатто мегӯяд, пешвоёни онҳо ақидаи исломи сиёсӣ надоранд, дар ҳадафҳои онҳо бо ҳизби ӯ ҳеҷ рабт ва монандие намебинад. Онҳоро тундгарои дунявӣ эълон мекунад ва тундгароиро ба “Русияи дунявӣ” марбут медонад, на ба донишгоҳҳои ал-Аҳзару Саудиву дигару дигар”.
Тарбиягари ифротгароён хондани Мисру донишгоҳи исломии ин кишвар – Азҳар аз сӯи нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира дар вохӯрии ахираш бо доктор Аҳмад Таййиб, шайхи Азҳар гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон ҳавасманди рушди равобити худ бо ин донишгоҳи исломӣ ва истифода аз равиши илмии он мебошад, ки дар асоси эътидол ва дурӣ аз хушунату ифротгароӣ поягузорӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |