Бахшҳо

Мулоқоти Амиршо Миралиев бо Масима Барра дар МН

Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси МН имрӯз дар Душанбе бо   ҷаноби Массимо Барра, президенти Комиссияи доимии Федератсияи байналмиллалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва чанд тан аз ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.

Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумон иттилоъ доданд, Миралиев зимни нишаст гуфт, ҷониби Тоҷикистон омодаи тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкорӣ  бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ  мебошад. Дар ҷумҳурии мо барои таҳкими ин муносибот тамоми имконот вуҷуд дорад ва заминаи ҳуқуқӣ  ва қонунии чунин ҳамкориҳо бошад, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони фароҳам оварда шудааст. Муовини раиси МН таъкид намуд, ки Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз оғози солҳои истиқлолияти Тоҷикистон бо кишвари мо робитаи хуб ва ҳамкории зичро ба роҳ монд ва ин муносибот тайи солҳои охир рў ба густариш ниҳодааст. Зикр гардид, ки Федератсияи байналмиллалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ метавонанд, дар чаҳорчўбаи салоҳиятҳои худ ва дар ҳамкорӣ  бо кишвар ва созмонҳои дар ин самт фаъолиятдошта дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир нақши назаррас дошта бошанд.

Ба ҷуз ин қайд шуд, ки ҷамъияти Салиби Сурх ҳамчунин дар омодагӣ  ва вокуниши саривақтӣ  ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Ин ҷамъият дар саросари ҷумҳурӣ  69 шўъба ва беш аз 15 ҳазор ихтиёрӣ  дорад. Дар соли 2010 парлумони Тоҷикистон қонуни вижаи «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ  ва афзалиятҳо будани ҷамъиятро эътироф кард.

Президенти Комиссияи доимии Федератсияи байналмиллалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар бораи фаъолиятҳои ин ниҳоди байналмилалӣ  дар Тоҷикистон маълумот дода, изҳор дошт, ки Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар намояндагии доимии худро дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 бо мақсади мусоидат ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ифтитоҳ намуд.

Массимо Барра таъкид намуд, ки барномаҳои Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз чаҳор ҷузъи калидӣ , аз қабили пешбурди ақида ва арзишҳои инсондӯстӣ , вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, омодагӣ  ба фоҷеаҳои табиӣ  ва саломатии ҷомеа иборат мебошанд. Дар ибтидо барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба расонидани маводи ғизоӣ  ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ  ба ниҳодҳои беҳдоштӣ  тарҳрезӣ  шуда буданд.

Бояд гуфт, ки  Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ба кишварҳо ва мардумони ниёзманд сарфи назар аз нажод, миллат, дин ва ақидаҳои сиёсӣ  ёрӣ  мерасонад. Федератсияи байналмилалӣ  дар соли 1919 бо дафтари марказияш дар шаҳри Женева таъсис ёфта, феълан 186 ҷамъияти узвро дар бар мегирад. Вазифаи аслии Федератсия беҳтар намудани зиндагии қишрҳои осебпазири аҳолӣ  бо истифода аз нерӯи башардӯстӣ  мебошад.

Дар мулоқоти имрӯза ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ва котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов низ иштирок намуданд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)