ИМА мегӯяд, ба оби Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст
Муҳаммад Алӣ Ғабот, вазири давлатии Имороти муттаҳидаи Араб дар нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар масъалаи интиқоли об аз Тоҷикистон ба кишварашро баррасӣ намудааст.
Муҳаммад Алӣ Ғабот дар ҳузури хабарнигорон гуфт, кишвараш ба обҳои тозаи Тоҷикистон эҳтиёҷи зиёд дорад: “Дар ин бора бо президенти Тоҷикистон суҳбат кардем. Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳод карданд, ки ба мо писанд омад ва мо онҳоро ба раҳбари давлатамон мерсасонем. Дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, дар соҳаи энергетика, аз ҷумла нафт ва бахши кишоварзӣ ҳам омодаи ҳамкорием”.
Аммо Тарақи Интиқол, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон ҳам ки дар ин анҷуман иштирок дошт, мегӯяд, онҳо бештар ба ҳамкориҳо дар бахши энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Муовини вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, лоиҳаи “KACСA-1000” аз лиҳози иқтисодӣ барояшон аҳмияти зиёде дорад ва барои пайдо намудани сармоягузор ба қисмати афғонистонии он кушиш мекунанд: “Корҳои аввалин сурат гирифтанд, давлату ҳукумати феълии мо аз гузашта беҳтар орзӯи онро дорад, ки ин лоиҳа амалӣ гардад. Ин лоиҳа ҳам аҳмияти иқтисодӣ ва ҳам аҳмияти сиёсӣ дорад, ки ду се кишвареро ба ҳам наздик месозад”.
Ияд Амин Маданӣ, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ аснои нишаст, изҳор дошт, умедвор аст, баргузории чунин чорабинӣ дар рушди иқтисод ва дигар бахшҳои кишварҳои аъзо нақши муассир мегузорад. Ияд Амин Маданӣ аз аъзоёни созмони мазкур даъват ба амал овард, анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ дар ду сол як маротиба гузаронида шавад: “Ин дар рушди ҳамкориҳо ва амалӣ сохтани ҳадафҳо мусоидат мекунад”.
Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 27 октябр дар “Кохи Сомон” ба кори худ шурӯъ карда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Дар кори анҷуман зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |