Бахшҳо

Таҳмина Ниёзова бо имиҷи нав дар PMC ва ҳушдор ба тақаллубкорон

Клипи нави Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик бо номи “Ту, эй ту” дар шабакаи мусиқии форсизабон ё PMC ба намоиш мебарояд.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик ба “Озодагон” гуфт, ин клип баъди муаррифӣ дар PMC шоми имрӯз тавассути торнамои “TopVideo” ва шабакаи “Тамошоу” дар Ютуб низ қобили тамошо мешавад. Номбурда афзуд, дар клипи мазкур Таҳмина бо имиҷи барои ҳаводоронаш тамоман нав муаррифӣ мешавад.

Клипро Тимур Примқулов, аз Узбакистон коргардонӣ кардааст. Матни суруд аз Озарахш ва оҳанги он ба Манучеҳр Ахмедов таалуқ дорад. “Шахсоне, ки ин клипро ғайриқонунӣ дар дискҳо нусха мебардоранд, ба додгоҳ кашида мешаванд”,-мегӯяд, Беҳрӯз Зеваров.

Таҳмина Ниёзова аввалин овозхони тоҷик нест, ки клипашро PMC намоиш медиҳад. Аз ин пеш клипҳои Садриддини Наҷмиддин, Валиҷон Азизов, Баҳроми Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва чандеи дигар ҳам тавассути ин шабакаи мусиқӣ пешниҳод шудаанд.

Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.
Мӯҳр
Макарончи
Таҳмина Ниёзова овозхони шинохтаи тоҷик не вай узбак аст.

Безори макарон
Макарончи,
Ҳақиқатан ҳам макарончи будаӣ! Рафта макарон истеҳсол кардан гир, ту киву дар бораи миллати шахсҳо гап задан чи? Агар як зарра ақл медоштӣ. медонистӣ, ки Боймуҳаммад Ниёзов кист... Эҳ, садқаи гап кунад ту барин одама!!!

мухаббат
Ба кадри зар-заргар мерасад. Тахмина-фахри маллати точик. Дар Точикистон таввалуд шуда калон шуд.Духтари зебои бофархангу бомаданият. Ояндаи хуб дорад-агар мо уро дастгири кунем. Дар Точикистони мо кадри зарба мерасидаги одамо кам нестан.

Точикбача
Стил оханг имидж тарзи наворбардори афту андом хамаш ташкентский шудас. Сурати хушрута безеб карди духтар

.
мухаббат,

Фахри миллати точик? Шояд ту бо хамин хелхо фахр куни. Мо шарм медорем аз ин гуна точикхо. Ин сарояндачахо чехраи хунарии худро надоранд. Танхо ба кадом ачнабихо таклид мекунанд.

мухаббат
хуна! Фахри миллати мо мебошад Тахмина. Барои ту барино Сурайе ва Фарзона хонаду ту гуш кун. Барои Тахминая фахмидан маданият доштан даркору фарханг. Фахмиди? Бисьертар хону дониш гир баъд барои Тахминая гуш кардан сазовор мешави!

.
мухаббат,

Ба гарбу ба русхо таклид кардан хамин аст ба фикри ту маданият? Точик агар обру хохад бояд точики сарояд. Ин Тахмина боварии пурра дорам хатто дар хонааш ба забони руси харф мезанад. Точики сароида наметавонад. Ман сурудхои уро бисер хуб мефахмам: дешевая халтура и безвкусие.

.
Дар даврони шурави русточик будан нишонаи бомаданият будан ба шумор мерафт (хол он ки танхо хоинони миллат бо ин фахр мекарданд). Холо бошад русточик будан ин камбуди аст. Точик шудан лозим аст, ба асли точикии худ баргаштан лозим. Барои хамин Тахмина хватит подражать русским и прочим. Все равно они таких как ты не слушают.

озодагон, манбаи тафрикаандози миллат шудааст. модератор ку? Чаро ба тахкир кардан ичозат медихед?

Бале Мухаббат, кадри зарро заргар бидонад. Тахмина дар хакикат садои бакуввату хеле зебо дорад. Бо у фахр карда мешавад, чунки клипхояш зебо инчунин сурудхояш хушанд, маълум аст ки тахкурсии классики дорад. Ба Тахмина муваффакиятхо хохонам. Инчунин суруду клипхояш бомаънианд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)