Бахшҳо
24 окт 2014 17:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳаводорони камзули Акбар аз Тоҷикистон то Олмон

Парчами Тоҷикистон ҷойгузини парчами кишварҳои дигар дар сару либоси бархе ҷавонон гардида, ҳатто берун аз Ватан низ харидор пайдо кардааст.

Акбар Олимов, донишҷӯи курси чаҳоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо камзули худбофте бо рангу нишонаҳои парчами кишвар, диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб кардааст. Акбар мегӯяд, ин “модел”-ро холаи солмандаш бо фармоиши худи ӯ духтааст. “Ранги ришта ва шакли камзулро худам интихоб кардам. Мақсадам ин аст, ки ба дигарон нишон диҳем, мо ҳам парчам дорем”-мегӯяд ӯ. Акбар Олимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, либосе бо парчами Тоҷикистон ҷолибтар аз дигар сару либосҳое аст, ки дар онҳо парчаму нишони кишварҳои хориҷ, аз қабили Амрикову Бритониё ва СССР инъикос ёфтаанд.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, камзули ӯ бо парчами Тоҷикистон, ки аз сӯи холаи 60-солааш бофта шудаааст, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи одамони зиёдеро ба худ ҷалб карда, бархе ҳамсабақон ва дӯстонаш, ки берун аз марзи кишваранд, хоҳиш кардаанд, ки чунин як либос барои онҳо низ таҳия шавад: “Вақте дар кӯча меравӣ, бисёриҳо нигоҳ мекунанд, чанд ҳамкурсам ҳам “заказ” карданд. Ҳатто бачаҳои тоҷики муқими Олмон ҳам гуфтанд, ба мо бофта фиристед”.

Акбар Олимов мегӯяд, ҳарчанд намуди камзули ӯ диққати даҳҳо нафарро ба худ ҷалб кардааст, аммо афроде ҳам аз он интиқод кардаанд: “Баъзеҳо, аз ҷумла духтарҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон чӣ дораду чӣ кардааст, ки боз ту парчами онро ба бар мекунӣ?! Вале ба ин ҳарфҳо аҳамият намедиҳам, бо пӯшидани ин камзул ифтихор мекунам”.

Пушидани камзул бо акси парчами Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Чанд сол қабл як бонуи овозхони тоҷик ҳам бо либосе ҳунарнамоӣ кард, ки парчами кишварро дошт. Ӯ низ ба монанди Акбар Олимов гуфта буд, “идея”-ро худаш ба дузанда додааст. Ахиран дар бозорҳои ҷумҳурӣ сару либос ва кулоҳҳое бо акси чеҳраҳои шинохта, аксаран сарояндаҳо ва ё навиштаи номи шаҳру навоҳии кишвар, аз қабили Ванҷу Кӯлоб ва Бадахшон зиёд шудааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ин сару либос асосан дар Чин омода мешаванд, аммо камзули донишҷӯи тоҷик бо даст бофта шудааст, ҳунаре, ки дар ин авохир аз он хеле кам истифода мешавад.

Рӯй овардани ҷавонон ба пӯшиши сару либос бо номи маҳал ё парчами Тоҷикистон дар ҳолест, ки то чанд соли пеш бештари либосу кулоҳҳои ҷавонони тоҷикро номи шаҳру парчами кишварҳои хориҷ “зеб” медоданд.


Ҳаводорони камзули Акбар аз Тоҷикистон то Олмон


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Патриот
Хатой сар мекунад акнун чоп карданро.Дар бозори Корвон нархаш 10 сомони ба фуруш мемонанд.

Салима
Додари азиз ба фикрам шумохам ё аз Дангара хастед ё ш кулоб То соли 2ооо ум Мардуми Дангара мошинхошон кати шахри Душанбе меомадан Мошинхошона дар 9 км мемондан бад шахр медаромадан пиёда

Шариф
Салима, маҳаллгароӣ чӣ даркор? Фарқаш чӣ ӯ аз куҷост? Муҳим ин ки барои муаррифӣ намудани парчами кишвар ба мисли баъзеҳо шарм надошта, онро бар тан мекунад, дар ҳоле ки то тагпӯшҳои баъзеамон парчами Русия дорад. Ба ин бародар аҳсан мегӯям. Суроға ё шумори телефонҳои холаатро навис мо чанд нафар омодаем ин навъ камзул фармоиш диҳем.

Дарвеш
Мешудаст ку дар даромадгохои донишгохо бегалстук намемонанд портфел гиред мегуянд.... бо ду дафтар идея сохта мешудаст ку

Абдурахмони Совети
Салима,
Салима,
Хохари Азиз, Хамин хам гап шуду.. дигар ин гапатона дар ягон чо хам нагуеду хам нанависед. Ман худ зодаи Душанбешахрам, на аз Кулобу Дангара, аммо ин гапотон ба ягончо тугри намегирад. Ман бо точик буданам фахр мекунам, Ман хамин кадар бачахои кулобиро медонам, ки босавод, бофархангу бамаданиятанд, дусти дорем, хонахошон таклиф мекунанд, меравем, модархояшон хам мехмондусту мехрубонанд, харчанд нисбати маруди кулоб бисерихои гапхои зиёдати мегуянд, мардуме ки то хол забони точикиву суннату дину оинашро пос доштааст ва медорад. Боки хаволатон ба Худо, касе ки чи хеле ки анализ кунад. Ман фикри худама ифода кардам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)