Қадрдонии Каримов аз Бердимуҳаммадов бо медали «Мустақиллиқ»
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ба ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов медали «Мустақиллиқ» (Истиқлолият) тақдим кардааст.
Ба иттилои расонаҳои туркман маросими тақдими ин медал дар доираи сафари расмии Ислом Каримов ба Туркманистон сурат гирифтааст, ки аз 22-юми октябр то имрӯз, 24-уми октябр идома дошт.
Ислом Каримов зимни тақдими медал аз саҳму хизматҳои Бердимуҳаммедов дар роҳи дӯстиву ҳамкорӣ байни халқи узбаку туркман таъриф карда, изҳори умед кардааст, ки ин ҳамкориҳо минбаъд густариш хоҳанд ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |