Бахшҳо
24 окт 2014 17:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Зикри зарари “Тоҷик Эйр” ба буҷа ва баҳси Шабдолову Қурбонов дар мавриди музди маош

Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон имрӯз, 24 октябр зимни муҳокимаи парлумонии иҷрои қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ” дар зарфи 9 моҳи соли равон гуфт, ҳарчанд дар ин муддат нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ мешаванд, вале қонуншиканиҳо низ зиёд ба назар мерасанд.

Ба қавли Сафаралӣ Раҷабов дар 9 моҳи соли равон мақомоти андоз нисбат ба 5864 шахси воқеиву ҳуқуқӣ санҷиш гузаронида, кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии 448 миллион сомонӣ молиётро ошкор кардааст. Ӯ гуфт, 243,3 миллион сомонии ин маблағ ба буҷет дохил карда шудааст.

Оқои Раҷабов афзуд, дар ин давра дар маҷмӯъ аз ҳисоби корҳои назоратии мақомоти андоз ба буҷа 294,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст: “Дар самти таъмини иҷрои нақшаи буҷет камбудиҳои зиёде ҷой дорад, дар натиҷаи таъмин нагардидани нақшаи 3 намуди андозҳо 139,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нагардид. Инчунин як қатор навоҳии кишвар дар ин давра аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ набаромаанд”.

Сафаралӣ Раҷабов дар идома таъкид кард, санҷиши Оҷонсии фасоди молӣ дар “Тоҷик Эйр” аз ҳисоби камомади молу маводи арзишдор, изофанависӣ дар корҳои таъмири сохтмонӣ, кам ҳисоб намудан ва рӯйпӯш намудани андозҳо дар ҳаҷми 717,5 ҳазор сомонӣ зарари молӣ ба буҷаро ошкор сохт: “Дар ин давра аз ҷониби аудити дохилии Вазорати молия як қатор санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷа дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор гардиданд, аз ҷумла қарзҳои дебиторӣ, ки мӯҳлати даъвояшон гузаштаанд 963 ҳазор сомонӣ, беасос пардохт намудани музди меҳнат 2,1 миллион сомонӣ, барзиёд пардохт намудани маблағҳои сафарҳои хидмати давлатӣ беш аз 64 ҳазор сомонӣ, беасос пардохт намудани ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 36, 2 ҳазор сомониро ташкил додааст”.

Сафаралӣ Раҷабов гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли равон 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, ба 21,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардидааст. Ба гуфтаи номбурда, давоми 9 моҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 31,6 миллиард сомонӣ расид, ки суръати афзоиши он 6,9 дарсадро ташкил додааст.

Сафаралӣ Раҷабов инчунин изҳор дошт, имсол молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошт ва ин имконият дод, иҷрои буҷети давлатӣ ба 102,5 дарсад таъмин гардад. Ӯ гуфт, дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлатӣ 2,9 ва аз ҳисоби даромадҳои андозӣ 5,2 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин мутаносибан 104,8 ва 102,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҷаласа гуфт, даромади пулии аҳолӣ дар 9 моҳи соли равон 15, 5 миллиард сомониро ташкил намуд ва музи миёнаи моҳонаи кормандон ба 815 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба моҳи августи соли гузашта 10, 4 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабодолов, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз вазири молия пурсид, чаро музди миёнаи маош дар моҳҳои январ-октябр 145,7 сомонӣ кам шудааст. Қурбонов ба Шодӣ Шабдолов посух дод, музди маош коҳиш наёфта, балки зиёд шудааст.

Шабдолов, ки мегуфт, ҳисоботи Вазорати молияро дар ин маврид рӯи даст дорад ва дар он гуфта шудааст, ҳаҷми маош коҳиш ёфтааст: “Қобили хушнудист, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳ нисбати соли гузашта 14, 4% зиёд шудааст, саноат 5,6%, гардиши моли чакана 6,1%, кишоварзӣ 3%, хизматрсониҳои пулӣ 2,5 баробар афзоиш ёфтааст, лекин савол дар ин ҷо пайдо мешавад, ки чаро музди миёнаи маош кам шудааст, чаро аз ин сарпечӣ мекунед?”.

Баъд аз баҳси чандлаҳзаинаи Шодӣ Шабдолов ва Абдусалом Қурбонов, Амиршоҳ Миралиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо иҷозаи вакилон ба онҳо вақт доду гуфт, рафта ин масъаларо биомӯзанд.
Мӯҳр
бепул
мухтарам Шоди ба доногиву часорат Шумо коилем

точик-Фархор
Офарин мух. Шабдолов Ш. ....офарин!!!!!!!! Агар мисли ин хама намояндагони мардум истодагари мекардандЮ ватан хеле ва барвактар пеш мерафт. Ибрат гиред---намояндагони нонамоён.....

точик-Фархор
Мавкеи Шумо бояд дар боло бошад,ба хотири он ,ки хамаи талошхои Шумо бахри раф намудани проблемахои мо -халк хастанд.Мо пайваста баромадхои Шуморо гуш карда истодаем. РАХМАТ барои хизмати халк.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)