Шикоят аз болои “тағо дар пулис”, ки пул гирифту корро ҳал накард
Хоҳарон Скосарёваҳо Евгения ва Светлана, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд, аз болои маъмури пулиси пуштибонашон барои гирифтани пора ва ҳал накардани мушкилашон ба Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон шикоят овардаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба ин ниҳод Скосарёва Евгения, сокини Қурғонтеппа муроҷиат карда, арз доштааст, ки корманди шуъбаи умури дохилии шаҳрӣ, Адилов Диловар аз онҳо 1800 доллар пора гирифта, ваъда додааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ва хоҳарашро қатъ мекунад, аммо иҷро накардааст: “Адилов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар кормандони РВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт барои қатъи парванда алайҳи Скосареваҳо охирҳои моҳи июли соли 2014 маблағи 1000 доллар ва охирҳои моҳи сентябри соли 2014, боз 800 долларро гирифта, ба манфиати онҳо ягон амалро иҷро накардааст.”
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Адилов шоми 16 октябри соли равон, дар ошхонаи «Карина»-и Қӯрғонтеппа замони баргардондани 800 доллари гирифтааш ба Скосарева Евгения боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, феълан ин нозир ба шарти тарк накардани ҷои истиқомат аз боздошт раҳо шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 247 яъне қаллобӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |