"Сидениям" хунолуд мешавад: “Гурез”-и ронандаҳо ва марги маҷруҳ (ВИДЕО)

Нашри навори садамаи нақлиётии 23-юми октябр дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, ки касе аз шоҳидон ҳозир нашудааст, ҷабрдидаро ба беморхона барад, баҳси беқадрии ҳаёти инсон ва молпарастии тоҷиконро ба миён гузоштааст.
Диловар Сафаров, яке аз шоҳидони садама дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳудуди 30 ронанда дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, вале бисёриҳо “сидениям хунолуд мешавад” гуфта, аз интиқоли ронандаи маҷруҳ ба беморхона худдорӣ намуданд: “Писари ин ронанда, ки ҳамроҳаш буд, аз ронандаҳои дигар бо гиряю зора тавалло дошт, ки падарашро ба беморхона баранд, пулашонро хоҳад дод, вале ҳеч кас розӣ намешуд. Бархе аз ронандаҳо ба хотири гурез аз интиқоли маҷруҳ ба беморхона мегуфтанд, ӯ алакай мурдааст ва ронандаҳои аксар мошинҳои гаронарзишу замонавӣ бошад, бо баҳонаи ин, ки мошинҳояшон чиркин мешавад, мегурехтанд.”
Сафаров мегӯяд, ронандаи “Rav-4” рӯи дастонаш ҷон дод ва ниҳоят ӯро дар як рӯйпӯш печонда, савори бордони “опел-караван” кардаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон” садама тақрибан саотҳои 10:00-и имрӯз, 23-юми октябр рух дода буд. Ӯ афзуд, бисёре аз сокинони мо ба ҷои наҷоту расонидани кӯмак ба якдигар дар ҳолатҳои ночорӣ завқи бештар ба тамошо доранду мушоҳида аз паҳлуро афзалтар медонанд.
Ин ҳодиса дар шабакаи интернет низ баҳси бетарафӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро дубора зинда кард. Бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, бетарафӣ дар ҷомеаи тоҷик ба ҳадде боло рафтааст, ки баъзан шаҳрвандон ашёву моли худро беҳтар аз ҷону саломатии афроди дигар медонанд. Дар ҳоле, ки беш аз 90 %-и аҳолии Тоҷикистон мусулмононанду дини мубини Ислом бетарафиро барои пайравони худ бадбахтӣ медонад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ахиран аз ин раванд нигаронӣ карда, бо овардани аҳодиси паёмбар (с) бетарафиро асоси бадбахтии инсон хонда буд.
Аз сӯи дигар қонунгузории Тоҷикистон низ кӯмак ба афроди ҷонашон дар хатарро талаб дораду ба нафарони саркаш муҷозот таъин кардааст. Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд, бар асоси талаботи моддаи 127 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад ҷиноят аст: “Ҳангоме, ки шахс метавонад ба ниёзманд ёрӣ расонад, вазифадор аст, ки нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд. Ё агар ҷабрдидаро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштаасту кӯмаке накардааст, бояд ҷазо дода шавад. Ҷазо барои чунин ашхос дар шакли корҳои ҳатмӣ, ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ғайра муқаррар шудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |